Тайёраи суқуткардаи Эрон аз “Манас” парвоз карда буд

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, рӯзи 14 январ ҳавопаймои Boeing 707, ки аз Қирғизистон парвоз карда буд, дар Эрон суқут кард.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо ба ширкати эронӣ тааллуқ дошта, аз Қирғизистон ба Эрон парвози чартерӣ анҷом медод. Дар ин бора Алия Қурбонова, сухангӯи фурудгоҳи «Манас»-и Қирғизистон хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, ҳавопаймо соати 7:16 ба вақти Бишкек аз фурудгоҳи «Манас» парвоз карда будааст.

Дар ҳоли ҳозир иттилои расмие дар бораи шумори қурбониён нашр нашудааст. Вале гуфта мешавад,ки аз 16 нафар танҳо як нафар борт- инженер саломат мондааст. Тайёра аз Қирғизистон 30 тонна гушти яхкардашуда мебурд ва садама дар натиҷаи иштибоҳи лётчикҳо сурат гирифтааст. Онҳо хатти парвозро иштибоҳан интихоб намуда, ба ҷои як фурӯдгоҳ ба фурӯдгоҳи дигар нишастан хостаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *