Тайёраи Ту 154 худаш афтид ё амали террористӣ буд?

 

Ҳавопаймои русие,ки  92 нафар мусофир дошт ва аз ҷумла 9 хабарнигор ва 64 узви ансамбли маъруфи Александров, субҳи 25 декабр дар Баҳри Сиёҳ суқут кард.

Ин ҳавопаймо пас аз чанд дақиқаи ба ҳаво бархостан аз фурудгоҳи Сочи аз саҳифаи радар нопадид шуд. Ҳавопаймo мусофиронашро ба пойгоҳи Русия дар Сурия мебурд, то сарбозонро бо Соли нав табрик карда, барномаи ҳунарӣ иҷро намоянд.Дар Шӯрои федератсияи  ва Думаи давлатии Русия гуфтанд, ки фарзияи террористӣ будани суқути ҳавопаймои “Ту-154” истисност. Намояндагони Кумитаи оид ба дифоъ дар ду палатаи порлумони Русия – Виктор Озеров ва Андрей Красов – гуфтанд, ин ҳавопаймо ба Вазорати дифоъ мутааллиқ буд ва ҳамеша таҳти назорат қарор дошт. Онҳо даъват карданд, то замони хулосаи кумисюни махсус, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунад, аз ироаи ҳамагуна фарзия дар ин робита худдорӣ шавад.Дар ҳамин ҳол, вебсайти «Фонтанка» бо такя ба маноеби амниятии худ гуфта, ФСБ афродеро, ки ба хидматрасонии “Ту-154” иртибот доштанд, тафтиш мекунад. Ҳоло ҷустуҷӯи ҷасад ва пораҳои ҳавопаймо дар Баҳри Сиёҳ идома дорад. Доираи ҷустуҷӯ даҳ километри мураббаъро дар бар гирифта, се ҳазор нафар дар амалиёти ҷустуҷӯ кор мекунанд. То ҳол сандуқи сиёҳи ҳавопаймо ёфт нашудааст. Дар Русия 26 декабр рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст ва то кунун мақомоти Амрико, Олмону Фаронса, Ҷумҳурии Чех, Италия, Туркия, Молдова, Тоҷикистону Қазоқистон ва Озарбойҷон ба раҳабрияти Русия изҳори ҳамдардӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *