Тазоҳурот дар Фаронса ва Олмон бар зидди фиристодани силоҳ ба Украина (видео)

Эътирозгарон дар Фаронса ва Олмон талаб кардаанд, ки фиристодани силоҳ ба Украинаро қатъ кунанд.

Рӯзи ҷумъаи гузашта аз ҷанг дар Украина як сол пур шуд. Дар солгарди ин ҷанг мақомоти аврупоиву амрикоӣ идомаи ҳимоят аз Украинаро ҳатмӣ донистаанд.

Бино ба гузориши хабаргузориҳо, мардуми Фаронса дар Париж “тазоҳурот барои сулҳ” ташкил карда, бо шиорҳое хостори хориҷ шудани ин кишвар аз НАТО ва ҳамчунин қатъи фиристодани силоҳ ба Украина шудаанд.

Дар шаҳри Рамштайни Олмон низ бо ширкати шумораи зиёди шарвандони ин кишвар тазоҳурот зидди ирсоли силоҳ ба Украина баргузор шудааст.

Эътирозгарон аз ҷумла қатъи интиқоли силоҳи НАТО ба Украина, баста шудани пойгоҳи ҳавоии Рамштайн ва истеъфои фаврии мақомоти ҳукумати Олмонро талаб кардаанд.

Дирӯз дар Олмон, Испания ва Англия ба нишони эътироз алайҳи оташи ҷанги Аврупо ва Амрико дар Украина низ ҳамин гуна намоишҳои оммавӣ баргузор шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *