Тазоҳурот дар Воронежи Русия
Дар Воронеж алайҳи иштироки Русия дар ҷанги Сурия тазоҳурот баргузор шудааст.
Яке аз иштирокдорон гуфтааст, ки дар ин маърака ҳудуди 50 нафар ҳузур доштанд. Тазоҳургарон аз мақомоти давлатӣ хостанд, пули буҷаро ба ҷойи амалиёти ҳарбӣ дар Сурия дар бахши тандурустӣ, маориф ва фарҳанги кишвар харҷ кунанд. Фаъолон қасди баргузории чунин тазоҳуротро дар Маскав низ доштанд, аммо шаҳрдорӣ аризаи онҳоро рад кард. Русия аз моҳи сентябри соли гузашта дар Сурия амалиёти ҳарбӣ баргузор мекунад. Бино ба ҳисоби хабаргузории РБК, ин амалиёт то кунун 60 миллиард рубли буҷаи Русияро «хӯрдааст». Бар илова, кишварҳои ғарбӣ Русияро барои бомбаборони Ҳалаб дар ҷинояти ҷанг низ муттаҳам мекунанд. Вале Русия гуфтааст, асосан мавқеи террористҳоро ҳадаф қарор медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ