Тазоҳуроти густарда дар Москва
Ҳизби озодихоҳи Русия дар хиёбони ба номи Академик Сахарови шаҳри Москва ба ҷонибдорӣ аз маҳбусони сиёсӣ тазоҳурот баргузор кард. Ба ҳисоби «Белый счётчик», дар он беш аз 25 ҳазор одам иштирок доштанд.
Тазоҳурот беш аз ду соат идома карда, дар ҷараёни он раҳбари Бунёди мубориза бо фасод Алексей Навалний, раиси Ҳизби озодихоҳи Русия Михаил Светов, вакили дифоъ Мария Эйсмонт, муҷрии телевизион Татяна Лазарева, рӯзноманигор Иля Азар, номзадҳои сабтиномнашуда ба мақоми вакилии маҷлиси Москва Любов Собол, Иван Жданов ва Юлия Галямина, вакили маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург Максим Резник, вакили маҷлиси Москва аз ҳизби «Яблоко» Максим Круглов дар назди ҳозирин баромад карданд.
Баромадкунандаҳо даъват карданд, ки то озод шудани маҳбусони сиёсӣ ҳамарӯза тазоҳурот баргузор карда шавад. Вакили тозаинтихоби маҷлиси шаҳрии Москва Круглов гуфт, ҳамаи кори худро канор гузошта, ҳар рӯз ба рӯзномаи маҷлис масъалаи қатъи ба истилоҳ, «парвандаи Москва»-ро пешниҳод мекунад.
Дар тазоҳурот ҳамчунин чаҳор гумонбари пешини «парвандаи Москва» – Алексей Миняйло, Валерий Костенок, Владислав Барабанов ва Даниил Конон суханронӣ карданд. Онҳо ба тазоҳургарон барои дастгирӣ ва саҳмашон дар озодии худ миннатдорӣ баён карданд.
Алексей Миняйло пас аз анҷоми тазоҳурот дар суҳбат бо хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳимояти ҳуқуқи сокинон машғул хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи 2 моҳи ҳабсаш дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар ин замина ба ӯ кумак мекунад. Алексей Навалний дар навбати худ гуфт, мубориза барои раҳоии маҳбусони сиёсӣ вазифаи аввалиндараҷаи мухолифон дар ояндаи наздик хоҳад буд.
«Парвандаи Москва» пас аз эътирозҳои 27 июл ва 3 августи соли равон зидди роҳ наёфтани номзадҳои мустақил ба интихоботи вакилони маҷлиси пойтахти Русия боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ