Тазоҳуроти муҳоҷирони тоҷику ӯзбак дар Маскав (Видео)
Рӯзи 1 октябр ҳудуди 20 коргари ширкати «Ингеоком”, ки ба сохтмони метрои Маскав ва варзишгоҳи Лужники машғул аст, дар назди шаҳрдории пойтахти Русия бо талаби маошашон корпартоӣ карданд. Пулис 16 нафар, аксаран мардикорон аз Тоҷикистону Узбекистонро дастгир кардааст.
Пулиси Маскав рӯзи 1 октябр коргарони ширкати сохтмонии «Ингеоком”-ро, ки бо талаби маошашон дар назди бинои ҳукумати Маскав тазоҳуроти эътирозӣ доир карданд, дастгир кард. 16 нафарро, ки аксаран мардикорон аз Тоҷикистон ва Узбекистонанд, ба шӯъбаи пулиси минтақаи Пресненскийи шаҳри Маскав бурдаанд.
Дар байни боздоштшудаҳо ба ҷуз аз коргарони «Ингеоком” ҳамчунин 4 узви ду созмони мухолифи ҳукумати кунунии Русия — «ҳизби инқилобии коргарон” ва «Блоки чап” низ ҳастанд. Фаъолони мухолифин барои ҳимоят аз коргарони фиребхӯрда ба ин эътироз ҳамроҳ шуда буданд.
Матбуоти Русия исми коргарони боздоштшударо нашр кард. Дар байни онҳо, тавре аз номҳояшон бармеояд, дастикам 9 нафар зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд: Зимбовский Александр, Мушаев Владимир, Пятничко Олег, Кобаидзе Алексей, Попов Вячеслав, Свирков Данила, Абдулоев Сулаймон, Асоев Зайниддин, Каинов, Хайритдинов, Баротов, Пискунов, Сафаров, Холиқов, Наврӯзӣ, Шафиев.
Ҳаҷми қарзи ширкати «Ингеоком” (раҳбараш Арчил Кереселидзе) аз коргаронаш дақиқ нест, вале коргарон гуфтаанд, ки баъди муроҷиатҳои бенатиҷа ба дигар мақомот маҷбур шудаанд, аз шаҳрдории Маскав додхоҳӣ кунанд. Коргарон мегӯянд, ҳар рӯз 12 соат дар зери замин кор мекунанд, вале корфармоён чандин моҳ боз маоши онҳоро пардохт накардаанд.
Онҳо моҳи феврал низ бо талаби беш аз 3 миллион рубл маоши пардохтношудаашон дар назди шаҳрдории Маскав гирди ҳам омада буданд, вале он вақт раҳбарияти ширкат ваъда дода буд, ки маоши коргаронашро пардохт хоҳад кард.
Аммо раҳбарияти ширкат ба ваъдааш вафо накард ва коргарони «Ингеоком” ва ду ширкати дигари «Горизонт” ва «Глобатэк”, ки низ машғули сохтани хатту истгоҳҳои нави метрои шаҳри Маскаванд, бо талаби маоши худ даст ба корпартоӣ заданд.
Вале вақте коргарон бо талаби маош дар назди идораи маъмурияти ширкати «Ингеоком” ҷамъ шуданд, Александр Гатченко, муҳандиси ширкат бо як лаҳни тунд ба онҳо ҳамла кард, ки «шумо ҳуқуқатонро рафта, дар Тошканду дар Тоҷикистон талаб кунед.”
Намояндаи дигари ширкат ба коргарон «фаҳмонд”, ки танҳо шаҳвандони Русия метавонанд аз чунин чора, яъне ҳаққи корпартоӣ истифода баранд: «Шумо, ки аз Тоҷикистону Узбекистонед, шаҳрванди хориҷиед. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ҳаққи корпартоӣ надоранд.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ