Тазоҳуроти сокинон дар Андиҷон
Даҳҳо сокини маҳаллаи «Ифтихор»-и ноҳияи Балиқчии вилояти Андиҷони Ӯзбекистон 16 сентябр дар назди бинои ҳукумати ноҳия ҷамъ шуда, эътирози худро дар робита ба пардохт нашудани ҷуброни хонаҳои тахрибшуда баён карданд.
Яке аз иштирокдорони ҳамоиши эътирозӣ Малоҳат Исоқова ба хабарнигорон гуфт, мақомоти маҳаллӣ моҳи марти соли 2018 бо ваъдаи пардохти ҷуброн 18 хонаро дар маҳаллаи «Ифтихор» тахриб карданд, вале то ҳол ваъдаи худро иҷро накардаанд.
«Соли гузашта дар як рӯз дар маҳаллаи мо 18 хонаро тахриб карданд. Дар ҷои хонаҳо бинои дуошёнаи зист сохтанд. Мақомот дар аввал хонаҳоро нархгузорӣ накарданд ва гуфтанд, ки бинои баландошёна сохта, моро ба он мекӯчонанд. Вале бо кӯчидан ба бинои нав ба муҳлати 20 сол қарздор шудем. Барои мо хонаи сеҳуҷрагӣ дода, ҳоло талаб доранд, ки ҷамъан 300 миллион сӯм (31,5 ҳазор доллар) пардозем», — афзуд ӯ.
«Раиси ноҳия розигии моро барои тахриби хонаҳо гирифта, сипас фиреб дод. Ҳамроҳи кӯдаконамон дар кӯча мондем. Агар мақомот пулро надиҳанд, дар бинои ҳукумати ноҳия зиндагӣ хоҳем кард», — изҳор дошт яке аз иштирокдорони дигари ҳамоиш.
Муовини раиси ноҳияи Балиқчӣ гуфт, «хонаҳои тахрибшуда дар ҳолати бад қарор доштанд. Бинобар ин, онҳоро вайрон карда, ба ҷояшон бинои зисти дуошёнаи замонавӣ сохтем ва сокинони хонаҳои тахрибшударо ба он кӯчонидем. Ба онҳо қарзҳои боимтиёз дода шуд. Дар ҳоли ҳозир раис бо соҳибони хонаҳои тахрибшуда мулоқот карда, талабҳои онҳоро мешунавад», — хабар дод ҳамсуҳбати мо.
Пештар дар вилоятҳои Фарғона, Қашқадарё, ва Хоразми Ӯзбекистон низ сокинон зидди тахриби хонаҳояшон даст ба эътироз зада буданд. Сокинони шаҳри Урганҷи Хоразм дар эътироз ба пардохт нашудани ҷуброни хонаҳои тахрибшудаашон роҳи мошингардро бастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ