Tcell Ҷашнвораи варзишии кӯдакони имконияташон маҳдудро дастгирӣ намуд

Фестивали варзишӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар бинои Мактаби байналмилалии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе баргузор гардид. Tcell ҷашнвораро дастгирӣ намуда, ба кӯдакон табъи болида ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим кард.

Тибқи қатъномаи Маҷмаи умумии СММ, рӯзи байналмилалии маъюбон ҳар сол 3 декабр дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Маҳз ба ҳамин рӯз Ҷашнвораи варзишии кӯдакон рост омад.

Дар Фестивал беш аз 60 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд аз Душанбе, Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзиданд. Онҳо дар риштаҳои варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва футболи хурди занона байни ҳам рақобат карданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ –шӯру шавқи варзишӣ, кайфияти хуб ва табъи болидаи атфол буд, ки воқеан ҳам ба даст омад!

Ғолибони мусобиқа бо медалҳо сарфароз гардонида шуда, ҳамаи иштирокчиёни Ҷашнвораи варзишӣ аз Tcell ҳадяҳои арзишманду муфид гирифтанд.

Ҷашнвораи варзишӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон аз сӯи Федератсияи Миллии Клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷамъиятии «Special Olympics» ва ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт» баргузор гардид. Сарпарастии кулли ин чорабиниро ширкати Tcell ба ӯҳда дошт.

_________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *