Tcell ба муносибати 20-солагии таъсисёбиаш тӯҳфа медиҳад

Дар соли 2020 оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell солгарди худро ҷашн мегирад: 20 сол боз Tcell ба тоҷикистониён технологияҳои муосирро пешниҳод карда, рушди бахши телекоммуникатсионии кишварро суръат мебахшад. Аз оғози тиҷоратии ширкат, Tcell то ба даст овардани оператори пешбари телекоммуникатсионии кишвар, бо бузургтарин ҳиссаи. Аз оғози фаъолияти тиҷоратӣ, ширкати Tcell масири бузургеро барои расидан то ба мавқеъи оператори пешбари бозори мухобироти кишвар бо шабакаи васеи чакана ва беҳтарин роҳҳалҳои навоварона пушти сар кард.

Tcell аз ҳар як муштарӣ, ки Tcell -ро ҳамчун оператори телекоммуникатсионии худ интихоб менамояд, самимона қадрдонӣ мекунад. Бузургтарин иқдом бо ҳадяҳо барои муштариёни Tcell «Бурд намо-2020» хоҳад буд, ки дар он ширкат 6 мошини Hyundai дар ҶТ, ноутбукҳо, смартфонҳо (iPhone), Smart TV ва бисёр чизҳои дигарро ба бозӣ мегузорад! Иқдоми мазкур дар саросари кишвар сурат пазируфта, дар он ҳамаи муштариён метавонанд ширкат намоянд. Навгонии аксияи “Бурд намо” дар соли 2020 ин аст, ки пас аз гирифтани ҳар як ID-рақам, муштарӣ 20 Мб трафики Интернетро ҳамчун тӯҳфа дастрас менамояд! Ҳар қадар ID бештар бошад, ҳамон қадар мегабайтҳо бештар ва шонси пирӯз гардидан бештар мешавад!  

Маълумоти муфассал дар бораи иқдом: https://www.tcell.tj/content/news/catch-luck2020/

Ширкат ба ҳар як тоҷикистоние, ки имсол 20-сола мешавад (яъне, ҳамсолони Тcell) рақами нуқрагӣ ҳадя мекунад! Барои ин ба дилхоҳ маркази хизматрасонии ширкат бо шиноснома муроҷиат намудан зарур аст.

Инчунин, ҷуфтҳо (ҳамсарон)-е, ки имсол тӯйи «чинӣ» — 20 солагии издивоҷро ҷашн мегиранд, аз тарафи ширкат рақамҳои нуқрагии ҷуфтро ҳамчун тӯҳфа дарёфт хоҳанд кард! Барои ин зарур аст, ки дар ягон маркази хизматрасонӣ шаҳодатномаи ақди никоҳатонро нишон диҳед.

Tcell бо ифтихор дар саргаҳи суръатбахшии рушди технологии Ватан қарор дошта, ба оянда боэътимоди қавӣ менигарад. Бо шарофати ҳар як муштарӣ мо дар ҷодаи рушди технологӣ ва тақвияти ин бахш ҳастем! 

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *