Tcell барои баргузории конфронси байналмилалии тиббӣ иртиботи боэътимод пешниҳод кард

Аз 23 то 25 апрел Анҷумани XI- уми пизишкони саратоншинос ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва АвруОсиё– чорабиние, ки дар он мутахассисони тиб аз 30 мамлакат иштирок доштанд, баргузор шуд. Имсол, бо сабаби хатароти эпидемияи фарогир (пандемия)-и ҷаҳонӣ баргузории Анҷуман ба сурати оддӣ ва ҳузурии коршиносон номумкин гардида, нахустин бор ҳамоиши табибони соҳа ба таври онлайн бо истифода аз фанновариҳои ҷадид тавассути Интернет ҷараён гирифт.

Ширкати Tcell ба коршиносони аршади «Маркази саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ долони иртиботи маҷозӣ (канали алоқа) ҷудо кард, ки  тариқи он табибон, ҷарроҳон ва мутахассисони тибби тоҷик бо 3000 ҳамтоёни худ аз Русия ва гӯшаву канори олам мулоқот анҷом доданд.

Таҷрибаи баргузории Анҷумани онлайнии табибон дар кишвари мо бори нахуст ва дар платформаи камназири технологӣ сурат гирифт.  Бо дастгирии Tcell, табибони тоҷик бо ҳамкорони худ аз давлатҳои мухталиф иртибот барқарор карда, суханронӣ намуданд ва табодули таҷриба карданд.

Ба пахши онлайнии Анҷуман мутахассисон аз дилхоҳ гӯшаи олам пайваст шуда метавонистанд. Иштирокчиён байни ҳамдигар саволу ҷавоб карда, маслиҳату машваратҳоро дар паёмрасонҳо низ матраҳ намуданд. Дар шароити феълӣ баргузор намудани чунин чорабиниҳо бо имконоти наву ҳаматарафа айни муддаост, зеро ин гуна ҳамоишҳои илмӣ теъдоди зиёди коршиносонро фаро гирифта, зимни он, роҳҳали бархе аз мушкилот ҷустуҷӯ ва пайдо мешавад.

Tcell ҳамчун бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки бо мақсади пешниҳоди ҷадидтарин дастовардҳои фанноварӣ ва иноватсионӣ ба сокинони Тоҷикистон саҳм гузошта, дар таъмини рушди ҷомеъ нақши муассир хоҳад гузошт.

_______

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *