Tcell дави хайриявии «Ҳафткӯл»-ро барои кӯмак ба кӯдакони гирифтори аутизм дастгирӣ кард

Дар масири қад-қади кӯлҳои зебои Марғузор Нахустин мусобиқаи дави кӯҳии хайриявии «Ҳафткӯл», ки аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Ирода» ташкил карда шуда буд, баргузор гардид. Оператори пешсаф ва навовари кишвар- Tcell шарики чорабинии варзишӣ гардид.

Дарозии ин масир беш аз 20 километрро дар бар мегирад ва он дар дараи зебоманзар, қад-қади ҳафт кӯли Марғузор дар баландии беш аз 1000 метр сурат гирифт. Дар пойга 24 даванда ва дӯстдорони сайёҳат дар кӯҳҳо аз 10 кишвар ширкат карданд. Tcell барои онҳое, ки нахустин шуда ба марра расиданд, тӯҳфаҳои технологӣ тақдим кард.   

Дави мазкур дар доираи чорабиниҳои солона, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи аутизм равона карда шудааст, баргузор гашт: тибқи шартҳои маърака, тамоми маблағҳои ҷамъоваришуда ба созмони ҷамъиятии “Ирода”, ки ба рушди ҷомеаи фарогир барои кӯдакони дорои аутизм машғул аст, тақдим карда шуданд.

Илова бар ҳадафи асосӣ- дастгирии кӯдакон, ин чорабинӣ мақсадҳои дигар низ дошт: тарғиби тарзи ҳаёти солим, таблиғи туризм, дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ — соҳибони меҳмонхонаҳои хурд, ки дар пайи мушкилоти соли 2020-2021 (таъсири пандемия) зарар диданд, равона гардида буд.   

Масире, ки дар он варзишгарон рақобат карданд, қад-қади Ҳафткӯл ҷойгир шудааст. Ин минтақа ҷойи ниҳоят зебовау хушбоду ҳаво буда, дар бораи он ривоятҳои зиёди мардумӣ мавҷуд аст. Ҳатто бе омодагии варзишӣ ва тайёрии ҷисмонӣ ҳар касе қодир аст ба ин ҷо биояд ва аз зебоиҳои мавзеъ лаззат барад.

Далели дигари диққатҷалбкунанда будани ин масир он аст, ки тақрибан дар тамоми арзу тӯли масир (маршрут)-и кӯҳӣ алоқаи боэътимод аз оператори пешсаф- Tcell  таъмин буда, ҷолибияти ин макони сайёҳиро боз ҳам афзоиш медиҳад!

Ширкати Тсеll тавассути пуштибонӣ аз чунин тарҳҳои варзишӣ ва хайриявӣ талош меварзад, ки дар тавсеаи ҷомеаи Тоҷикистон саҳм гузорад.

 Мубтакири дав СҶ «Ирода», шарики кулл — Tcell, шарикон — СҒҲ «САР» (Central Asia partnership), бошгоҳи дӯстдорони дав «TJK runclub» ва «Сиёма» мебошанд.

___________________

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *