Tcell моликияти Оғохон шуд

 

Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ 60 дарсади саҳмияҳои Tcell-ро аз ширкати шведии Telia харида, соҳиби ягонаи бонуфузтарин ширкати мобилии Тоҷикистон шуд. 

Тибқи иттилоияи ширкати Telia 60 дарсади саҳмияҳои Tcell ба ивази 27,7 миллион доллари амрикоӣ фурӯхта шуда, арзиши умумии ин ширкати мобилӣ 46,2 миллион доллар баҳогузорӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки Бунёди Оқохон бо харидани саҳмияҳои Tcell уҳдадориҳои қарзияшро низ ба дӯш гирифтааст.

Қаблан мақомоти андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиш ширкати “Тсел”-ро ба пардохти 155 миллион сомонӣ қарзу ҷарима муваззаф карда буданд, ки боиси норозигии роҳбарияти ширкат гардида буд.

Ширкати “Telia Sonera” он замон бо нашри як изҳорот талаботи масъулини андози Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ва номақбул хонда буд.

Ба иттилои манбаъ дар пайи санҷиши фаъолияти Тсел аз моҳи майи соли 2015 то июни соли 2016 мақомоти андоз ширкатро барои пардохти 155 миллион сомонӣ қарзу ҷаримаҳо муваззаф намудаанд.

Молики Тсел бо изҳори нигаронӣ аз ин талаби мақомоти тоҷик таъкид намуда буд, ки даромади ширкат тайи соли 2015 аз маблағи талабкардаи мақомоти тоҷик камтар мебошад.

17 сентябри соли 2015 ширкати Telia, ки саҳҳоми аслии Tcell мебошад, эълон карда буд, тадриҷан фаъолияти худро дар АвруОсиё қатъ намуда, бештар ба Аврупо рӯ меорад. Ин ширкат ба ҷуз аз Тоҷикистон дар Қазоқистону Узбекистон, Озарбойҷону Молдова ва Гурҷистон фаъолият дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *