Tcell ва Федератсияии велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд веломарофон баргузор менамоянд.
Аз 21 то 23 сентябр Федератсияи велосипедронҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оператори навовару пешбари кишвар Tcell бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш марафони велосипедронии “Истиқлол”-ро баргузор мекунанд. Велосипедронҳо аз шаҳри Хуҷанд ба марафон оғоз намуда, тавассути шоҳроҳ ба Душанбе ҳаракат мекунанд ва он дар пойтахт ба анҷом мерасад.
Ширкати мухобиротии Tcell сарпарасти асосии Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои ширкати Tcell дастгирии чорабиниҳои варзишӣ дар стратегияи масъулияти иҷтимоӣ ҷойгоҳи вижаеро ишғол менамояд. Ширкати Тсеll бо тарғибу ташвиқи тарзи ҳёти солим, дастгирии мусобиқаҳои варзишӣ саҳми худро дар тақвияти саломатӣ ва устувории миллат мегузорад.
Марафони велосипедронии «Истиқлол» дар масири Хуҷанд-Душанбе ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии бидуни мошин, ки ҳамасола 22 сентябр мегардад, бахшида мешавад. Дар ин рӯз ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки аз истифодаи мошинҳое, ки бо сӯзишворӣ ҳаракат менамоянд, худдорӣ кунанд. Мошинҳо яке аз манбаъҳои асосии ифлосшавии ҳаво мебошанд, бинобар ин бо кам кардани истифодаи нақлиёт мо метавонем аз тағирёбии иқлим пешгирӣ кунем.
Ҷанбаҳои афзалиятноки масъулияти иҷтимоии Tcell – тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва муҳити солим мебошанд. Tcell ба муҳити зист ғамхорӣ зоҳир намуда, ба муштариён тарофаҳо ва бастаҳои интернетии «Эко» -ро пешниҳод менамояд. «Эко»- лоиҳаи иҷтимоӣ мебошад, ки иштирок дар ин барнома барои муштариёни Tcell ихтиёрӣ ва ройгон аст, яъне муштариён ягон маблағи иловагӣ пардохт намекунанд ва саҳмгузорӣ ба фонд аз ҳисоби пардохти муштарии онҳо барои тарофа ё бастаи интернет гузаронида мешавад. Tcell маблағи ҷамъоваришударо аз ин барнома барои лоиҳаҳои экологӣ дар пойтахт ва минтақаҳои Тоҷикистон тақсим мекунад.
Муфассал дар бораи бастаҳои «Эко»: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/packages-eco.php
«Аъло Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/tariff-alo.php
«Даркор Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/new-darkor.php
___________________
Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ