Теҳрон: Барои нақзи либоси исломӣ занонро дигар боздошт намекунанд

Пулиси шаҳри Теҳрон аз ин ба баъд занҳоро барои нақзи қоидаи пӯшидани либоси исломӣ боздошт намекунад. Акнун занҳоеро, ки қоидаи пӯшиши исломиро вайрон кардаанд, барои омӯзиш ба марказҳои машваратӣ мефиристанд.

Нашрияи «Теҳрон таймс» рӯзи 28 декабр суханони генерал Ҳусейн Раҳимиро иқтибос овард, ки мегӯяд, занонро барои нақзи қоидаҳои пӯшидани либоси исломӣ дигар ба ҳабс намегиранд ва алайҳи онҳо парванда низ намешавад.

Ба иттилои хабаргузории «Тасним»-и Эрон, дар иваз занҳо ба дарсҳои махсусе, ки кормандони пулис мегузаронанд, ҷалб хоҳанд шуд. Дар сурати такрори қоидавайронкунӣ онҳо бо баҳсҳои додгоҳӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Хабаргузорӣ мегӯяд, қоидаи нав танҳо дар Теҳрон амалӣ мешавад.

Раҳимӣ гуфт, дар робита ба иҷрои талаботи либоси исломӣ дар ҳудуди Теҳрон беш аз 100 маркази машваратӣ фаъолият мекунад. Аз соли 1979, баъди инқилоб дар Эрон қоидаҳои либос ҷорӣ шуд, ки гаштугузори занонро бидуни ҳиҷоб ва либоси исломӣ манъ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *