Театрҳои ИДМ ба Душанбе меоянд
Дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад. Дар он театрҳои касбии лӯхтак ширкат мекунанд.
Дар ин ҷашнвораи 7-уми байналмилалӣ аз 24 то 29-уми октябри соли равон театрҳои лӯхтаки ИДМ, аз қабилиРусия, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Тоҷикистон ба ҳам меоянд. Ҳадафи аслии ҷашнвора таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи лӯхтакҳои театрӣ, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки Иаҷик, инчунин беҳбуди тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
Тамошобинон метавонанд намоишномаҳои театрҳои давлатҳои зикршударо бубинанд. Ғайр аз ин, донишҷӯёни шуъбаи лӯхтаки Институти давлатии маданияти Туркманистон бори аввал дар “Чодари Хаёл” баромад мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстону Бохтар намояндагӣ мекунанд.
Театри лӯхтаки Душанбе спектакли «Маликаи маккор», театри Бӯстон намоишномаи «Ҳинди тиллоӣ» ва театри Бохтар «Хари маккор»-ро намоиш медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ