Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара бунёд мешавад
Имрӯз, 19 сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Данғара сафар карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба бунёди бинои 3 ошёнаи Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара» санги асос гузоштанд ва сохтмони он оғоз шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, тибқи лоиҳа бинои театр аз 4 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд, ки дар умум дорои 1 ҳазору 700 ҷойи нишаст бояд шаванд.
Толори асосӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир шуда, бо 1 ҳазору 100 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюм ду ва дар ошёнаи сеюм бошад, як толори дигари намоишӣ сохта хоҳад шуд.
Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии ноҳияи Данғара бо услуби хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, ба ҳама талаботи муосири театрсозии ҷаҳонӣ мутобиқ хоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ