Театри Конибодом дар Instagram озмун эълон мекунад

Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом барои дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои наврас дар шабакаи иҷтимоии Instagram озмун эълон менамояд.

Дар озмун наврасони аз 6 то 16-сола бо нишон додани ҳунару маҳорати худ аз рӯи чор бахш (ҳаҷвнигорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ ва рақс) метавонанд иштирок кунанд.

Даври аввали озмун рӯзи 20-уми октябр, аз соати 09:00 то 17:00 дар толори Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом баргузор шуда, даври дуюм аз 1-уми ноябр то 25-уми декабр дар шабакаи Instagram баргузор мешавад.

Баромади иштирокчие, ки сазовори лайки бештари тамошобинон мегардад, ғолиб дониста мешавад. Ҳар иштирокчӣ ҳуқуқи танҳо дар як бахш ширкат карданро дорад.

Ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфа ва дипломҳо мукофотонида мешаванд. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сазовори тӯҳфаҳои қимматбаҳо мегарданд.

Ёдрас мешавем, ки сарпарасти озмун Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон буда, ҳамкорони иттилоотӣ радиои “Канд fm”, ТВ-5 мебошад.

Амони МУҲАММАД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *