Театри мазҳака-мусиқии шаҳри Кӯлоб 85-сола шуд

Имрӯз, 21 апрел аз таъсиси Театри мазҳака-мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода 85 сол пур гардид.

Театри мазҳака-мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода соли 1936 дар заминаи дастаи ҳаваскорони омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ташкил ёфта, дар шакли дастаи худфаъолият амал мекунад. Аз соли 1987 ба номи театри мазҳака- мусиқӣ амал мекунад.  Барномаҳои нахустини театр аз суруду таронаҳои мардумӣ, рақсҳои дилошуби миллӣ ва асарҳои начандон калони драммавӣ иборат буд. Маҳсули аввалини ҳаҷман бузурги театр ин намоишномаи дуқисмаи «Дохунда» аз рӯи асари устод Садриддин Айнӣ буд.

Нигоҳе ба театрҳои Тоҷикистон

Феълан дар Тоҷикистон 16 театри касбӣ ва 26 театри халқӣ фаъолият мекунанд, ки Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри давлатии драмаи русии ба номи В.В.Маяковский, Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри давлатии мусиқӣ -драмавии ба номи Т. Фозиловаи ш. Конибодом, Театри драмаи мусиқии ноҳияи Спитамен ба номи Шукур Бурҳонов, Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов, Театри мусиқию мазҳакавиии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров, Театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода, Театри давлатии «Лӯхтак», Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара, Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, Театри давлатии намунавии минатураи «Оина» аз ҷумлаи онҳост.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии кишвар дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, театри тоҷик мустақил гардид. Яъне, он дар интихоби драма, ҳунарпеша (актёр), басаҳнагузорӣ, сафарҳои эҷодӣ озодӣ ба даст овард. Дар барномаҳои он намоишномаҳои асарҳои худӣ ва рӯҳи миллидошта бештар ва пурқувват гардид. Аммо кори театр ва робитаи он бо тамошобин то андозае ба мушкилот рубарӯ шуд. Ин аст, ки баъзе аз ҳунармандон андешае ҳосил намуданд, ки театр рисолаташро аз даст додааст.

Администрация сайта - Results from #190

Ҳамчунин дар кишвар фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ бо номи «Парасту», ки соли 1988 бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи арбобони театрии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *