Тедрос: Соли оянда бояд поёни пандемия бошад
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебреисус поёни пандемияи коронавирусро дар соли оянда пешгӯӣ кардааст.
— Дар ин бора ӯ дар брифинг дар қароргоҳи ин созмон дар Женева зикр намуд,- хабар медиҳад lenta.ru.
«Соли 2022 бояд соли поёни пандемия бошад»,- гуфтааст роҳбари СҶТ.
Вай ҳамчунин қайд кардааст, ки чунин натиҷа танҳо дар сурате имконпазир аст, ки то миёнаҳои соли оянда 70% аҳолии ҷаҳон бар зидди коронавирус ваксина гиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ