Телефонҳои мусофиронро дар фурудгоҳ аз санҷиш мегузаронанд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон телефони мобилии мусофиронеро, ки ба ватан бармегарданд, тафтиш ва дар бораи маълумоти мавҷуда сахт бозпурсӣ хоҳанд кард.
«Ҳамин ҳоло аз Истамбул баргаштем. Моро дар нуқтаи санҷиши шиносномаҳо боздошт карда, телефонҳоямонро гирифтанд ва ба утоқи махсусе бурда, 3-4 соат дар бораи маводи мавҷуда бозпурсӣ карданд. Ҳатто дар бораи шахсоне пурсиданд, ки рақамҳояшон дар телефон ҳаст», — гуфт як сокини Ишқобод ба шарти ифшо нашудани номаш.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, пештар шунида буд, ки телефонҳоро дар фурудгоҳи Ишқобод месанҷанд, вале интизор надошт, ки ба ин ҳад сахт бозпурсӣ ва телефонаш тафтиш мешавад.
«Дар шуъба шахсони зиёде буданд, ки барои бозпурсӣ ё гирифтани натиҷаи он навбат мепоиданд. Дар миёни онҳо афроде низ буданд, ки тамоми рӯз онҷо истодаанд», — афзуд ӯ.
Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати дигари мо, ки дар Туркия кор мекунад, мақомоти Туркманистон дар ҳоли ҳозир, телефонҳои мобилии наздикону пайвандони муҳоҷиронро низ тафтиш мекунанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ