Телефонатро деҳ, вагарна аскарӣ мебарам…
Мақомоти милиса як қаллобии аҷиберо ошкор карданд. Акбарҷони Назарзода, сокини маҳаллаи “Теппаи самарқандӣ”, худро корманди Комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ карда, чанд ҷавонро тарсонида телефонҳои ҳамроҳашонро гирифтааст.
Ба қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Акбарҷони Назарзода, ба ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ мегуфтааст, ки корманди комиссариат аст ва онҳоро ба артиш мебарад ва бо гирифтани телефон, онҳоро ҷавоб медодааст.
Акбарҷони Назарзодаро ҳафтае пеш дастгир кардаанд ва бо ҷавононе, ки телефонҳояшонро аз худ кардааст, рӯ ба рӯ карда мешавад. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, ӯ аз ҳамин роҳ аз 13 ҷавон телефони мобилӣ гирифтааст. Ба зидди ин ҷавон бо иттиҳоми “қаллобӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ