Телефони мобилӣ боиси кушта шудани зани панҷум дар Истаравшан шуд

Муллоева Гулоромро шавҳараш бо баҳонаи тариқи телефон бо нафари номаълум гап заданаш 13 корд задааст. Дар ин бора субҳи имрӯз Акбар Шарипов, сухангӯи Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба хабарнигори сомонаи pressa.tj хабар дод.

Тавре манбаъ мегӯяд, шаби 27 декабр, тахминан соати 20:10, шаҳрванд Қурбонов Илҳом Баротович, соли таваллудаш 1972, бо ҳамсари 35-солааш – зодаи ноҳияи Мастчоҳ Муллоева Гулором Мирҷумъаевна бо баҳонаи бо телефони мобилӣ суҳбат карданаш бо каси ношинос ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро 13 корд задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ҷон додааст. Маврид ба ёдоварист, ки Гулором Муллоева ҳамсари панҷуми Илҳом Қурбонов буда, онҳо соли 2017 оила барпо карданд ва соҳиби як духтарча будаанд.

Бояд гуфт, ки Илҳом Қурбонов қаблан барои саркашӣ аз пардохти алимент ба фарзандони худ аз издивоҷҳои қаблиаш бар асоси моддаи 177-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буд. Акнун ба вай бар асоси моддаи 104-ум барои одамкушӣ дастикам 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Акбар Шарипов мегӯяд, вақте зану шавҳар ба ҳам соз намегиранд ва роҳи муросоро пайдо карда наметавонанд, бояд аз ҳам ҷудо шаванд. Аз ҳаёт маҳрум кардани ҳамсар, ба гуфтаи сухангӯи ВКД вилояти Суғд, ба ҳеҷ сурат тавҷеҳ надорад ва коре қобили қабул нест. Вақтҳои охир дар Тоҷикистон ҳодисаи дар заминаи рашк куштани ҳамсарон зиёд мушоҳида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *