Телевизони руспарасти Украина оташ зада шуд
Мақомоти Амрико ва Аврупо ҳуҷум ва оташ задани шабакаи телевизионии «Интер» дар Украинаро маҳкум ва ин амалро «ғайри қобили қабул» унвон карданд.
Дар сӯхтори рӯзи 4 сентябри телевизионе, ки гуфта мешавад русгаро будааст, панҷ нафар осеб диданд. Сухангӯи Комиссияи Аврупо Мая Косянчич рӯзи 6 сентябр аз Украина даъват кард, ки ҳодисаро ҷиддӣ ва бетарафона таҳқиқ кунад. Ӯ гуфт, ки Брюссел ҳама гуна хушунат алайҳи журналистон ва матбуотро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор медиҳад. Пештар аз ин Вашингтон ҳуҷум ва сӯхтор дар «Интер»-ро ҳамчун амали «ғайри қобили қабул» маҳкум кард. Гуфта мешавад, 20 миллатгарои украинӣ, ки дар тан комуфуляж доштанд, бо зарфҳои пур аз бензин сӯхторро ташкил кардаанд.Сафорати Амрико дар Украина гуфт, ки пажӯҳиши ин ҳодисаро ҷиддан пайгирӣ хоҳад кард. Мақомоти Украина гуфтанд, ки онҳо 9 нафарро дар робита сӯхтор, ки гӯё аз партоби бомбаҳои дудӣ ба бино сар задааст, боздошт кардаанд, аммо онҳо баъди бозпурсӣ озод шуданд. Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матубот низ ин ҳуҷумро шадидан маҳкум кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ