Темур Раҳимов аз Тел Авив медали биринҷӣ овард

Аз 17 то 19-уми феврал дар кишвари Исроил мусобиқаи ҷудои Tel Aviv Grand Slam 2022 баргузор шуд, ки дар он паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Темур Раҳимов мусобиқаро аз даври дуюм оғоз кард ва баъди ду пирӯзӣ бар Серафим Компаниез аз Исроил ва Стефан Ҳегйӣ аз Австрия ба даври нимфинал роҳ ёфт, вале дар нимфинал аз Гурам Тушишвили (Гурҷистон), ки медали тило гирифт, мағлуб шуд. Сипас, Темур дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм Энди Грандаи кубагиро шикаст дода, бо медали биринҷӣ ва 1500 евро сарфароз гардид.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тел Авив 298 варзишгар (165 мард ва 133 зан) аз 34 кишвар ширкат карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ба ҷуз аз Темур Раҳимов инчунин Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) намояндагӣ карданд.

Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Бразилия Ҷеферсон Сантос Юниор ғолиб омад, вале дар даври чорякфинал аз Тоҳар Бутбул (Исроил) ва дар даври тассалобахш аз Игор Вандтке (Олмон) шикаст хӯрда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро ишғол кард.

Шодмон Ризоев дар вазни -81 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -90 кг дар даври аввал ноком шуданд.

Дар ҳисоби даставӣ мунтахаби Фаронса бо ба даст овардани чор медали тилло ва чор медали биринҷӣ ғолиб шуд. Дастаи мунтахаби Озарбойҷон, ки ду медали тилло ва яктоӣ нуқраю биринҷӣ гирифт, ҷои дуюмро сазвор шуд. Гурҷистон бо ду медали тилло ва як нуқра ҷойи сеюмро аз худ кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ ва як ҷойи ҳафтум дар байни 34 кишвар ҷойи 23-юмро соҳиб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *