Темур Зулфиқоров макони мулоқоти Исои Масеҳ ва Муҳаммад (с)

Рӯи пули борике, ки ду соҳили “Варзоб”-ро ба ҳам мепайваст, марди дарвешсурате чашм ба мавҷи хурӯшони дарё дӯхта, ғарқи олами хаёлот гашта буд. Бо шунидани садои таваққуфи мошини мо ӯ нигоҳ аз рӯд барканд ва солор-солор қадам ҷониби мо гузошт.

-Рӯдхонаи Варзоб дар фасли гармои тобистон манзили наҷоти ман аст, — ба сухан омад ӯ. — Ҳарчанд дар ин ҷо ғурфае барои аз гармо паноҳ бурдану даст ба эҷод задан надорам, чун бо  дарвешон, дӯстон, мухлисонам кунҷи хонае, пораи нонеро бо ман мебинанд.

Дар сухани Темур Зулфиқорови паймонаи умраш ба 80 расида  яъс ва дар уфуқи он умед эҳсос мешуд.

Ӯ моро ҷониби сурфа хонд. Ин сурфаи танг гилеми афсонавие буд. Гилеме, ки моро ба осмони парвози хаёлоти нависандае, ки дар қатори 10 мушҳуртарин нависандагонии  рус ва   100 мумтозтарин қаламкашони ҷаҳон қарор дорад.

Ҳини суҳбат  Исои Масеҳ, Муҳамммад (с), Конфутсий, Сталин, Чингизхон, Рӯдакӣ, Мавлавӣ, Фирдавсӣ, Толстой, Маркес… бо мо мепайванданд… Бузург аз бузургон ҳарф мезанад. Чуноне ки Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

— Темур  Қосимович,  ҷавонӣ  саршор аз неруст, ҳамеша дар талоши фатҳи қуллаҳост, андеша чун хунаш дар ҷӯш аст. Даме ки паймонаи умр ба 80 мерасад, инсон, билхоса нависандае чун шумо дар бораи чӣ фикр мекунад?

— Дар бораи чӣ? Шурӯъ мекунем, аз марги китоб. Ман дар ҳайрат, ки китоб  хондан аз байн меравад, аммо мағозаҳо пур аз ин махзани дониш. Албатта, чунин фазо вобаста ба муҳит ва кишварҳост. Масалан, агар ба мағозаҳои китобфурӯшии Амрико дароед он ҳамеша пур аз одам аст, мардум китоб мехонанд. Дар ин кишвар  барои аз байн нарафтани китоб ва китобхон кардани мардум миллиардҳо доллар сарф мекунанд. Мабалағҳои хеле зиёд барои  тарғиби китобҳо сарф мешаванд. Албатта, қисмати зиёд китобҳое ҳастанд, ки моли асили адабиёт нестанд. Халтуранависону графоманҳо ҷои нависандагони асилро мегиранд. Ба ном нависанда ва дар нохунак шоирон тариқи телевизион баромад мекунанд, аз ҳарзаҳои онҳо мавҷҳои радиоҳо, телевизион, саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо пуранд.  Барои ҳамин ақидае, ки гӯё китоб мемирад, асос надорад. Воқеият ин аст, ки  адабиёти асил мемирад. Зеро нависанда, шоири асил наметавонад, асарашро тарғибу чоп кунад. Ман метавонам даҳҳо нависандаро номбар кунам, ки даҳҳо китоб доранд, аммо ба адабиёт ҳеҷ иртиботе надоранд. Як замон зери шиори «Пролетарҳои ҷаҳон як шавед!» пролетарҳо ҷамъ меомаданд, ҳоло бошад зери ин шиор графоманҳо муттаҳид мешаванд.

— Чаро чунин аст? Сабаби рушди  адабиёти графоманҳо ва дар гӯшаи фаромӯшӣ афтодани  адабиёти асил дар чист?

— Сабаб он аст, ки графоманҳо зиёданд ва нависандагони асил дар ҳар давлат 2-3 ва зиёди зиёд 4-5 нафаранд.

— Имрӯз дар дунё, махсусан тариқи интернет пахши иттилоот суръати кайҳонӣ гирифтааст. Маълумоти заруриро инсон метавонад дар чанд дақиқа ба даст орад. Аммо мутолиаи адабиёт вақту ҳавсала мехоҳад. Шояд канор рафтани адабиёт раванди табиӣ бошад?

— Не. Ин монанди дарахтест, ки пир шуда, решаҳояш мепӯсанд ва аз тарафи дигар решаҳои онро медарранд.

— Маънии ташбеҳи шуморо нвфаҳмидам.

— Адабиёт ё худаш мемирад ва ё онро мекушанд. Амиқ намеравем. Тавре гуфтам, графаманҳо мисли иблисон ба адабиёт часпидаанд ва  бо худнамоӣ рақобат мекунанд. Нависандаи асил барои чунин корҳо вақт надорад, ӯ мешинаду эҷод мекунад. Хушбахтона, дар Ғарб  як гурӯҳ  ашрофзодагон анъанаи ҳазорсоларо идома дода, адабиёт, мусиқӣ, кино ва рассомии асилро нигоҳ медоранд ва инкишоф медиҳанд. Ин хурсандиовар аст. Хурсандии дигари ман ин аст, ки тоҷикон, ки фарҳанги ҳазорсола доранд, дар мисоли Рӯдакӣ, ки 1150 сол пеш, ба забони барои имрӯзиён фаҳмо менавишт, адабиёти классикӣ, яъне асилро зинда нигоҳ медоранд ва мусиқии классикиро ва рассомиро мепарастанд. Русҳо низ ҳамеша Толтой ва Гоголро дӯст медоранд.

— Маҳз дар ҳамин давлатҳое, ки Шумо классикдӯст гуфтед, хондан аз байн меравад. Дар дунё лоақал графаманҳоро мехонанд, аммо дар Тоҷикистон умуман намехонанд. Вазъи мутолиаи русҳо ҳам зиёиёни русро ба ташвиш овардааст.

—  Ҷопониҳо исбот кардаанд, ки агар инсон се моҳ китоб нахонад, 80 фоизи фаъолияти мағзи сараш аз кор мемонад. Яъне, инсон ба гӯсфанд мубаддал мешавад ва метавонад қадамашро калон-калон ҷониби рама гузорад. Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ мардум адабиёти асилро мутолиа мекард, маҷбур мекарданд, ки хонад. Маълум шуд, ки инсонро барои он ки инсон бошад, маҷбур кардан лозим. Чун тарбияи ҳама баробар нест, як нафар аз кӯдакӣ пушти роял мешинад, Библияву Қуръон ва адабиёти ҷиддӣ мехонад, аммо як нафари дигар дур аз ҳаёти инсонӣ тарбия мегирад. Барои ҳамин, тарбия омили муҳим аст, зеро аввалиро наметавон харид, аммо харидани дуввумӣ осон ва бо чанд танга аст.

— Чӣ бояд кард, ки аққалан фазои китобхонии замонии Шӯравиро барқарор кунем, чун имрӯз, тавре ёдовар шудем, мардум намехонад ва ба гуфти шумо ҷониби рама равонанд?  

— Барои он ки мардум китобхон шавад, бояд аз кӯдакиашон маҷбур кард, ки адабиёт хонанд. Роҳи ҳалли масъала дар маҷбур кардан аст. Ба наздикӣ миёни озариҳо ва арманиҳо як нооромӣ шуд ва онҳоро маҷбуран ба сулҳ водор карданд. Яъне, маҷбур кардан кора кард.

— Дар асри 21 мешавад инсонҳоро маҷбур кард?

— Албатта! Саривақтист!  Имрӯз инсонҳоро мусиқии даҳшатноки шайтонӣ дар ҳама ҷо пайгир аст. Адабиёти графаманӣ ҳам пур шудааст.  Бинобар ин, вазифаи давлатҳост, ки инсонҳоро наҷот диҳанд.

— Ба кадом васила? Бо қувваи адабиёт ё бо зӯр?

— Ҳам маҷбурсозӣ аз ҷониби волидон, ҳам ба воситаи адабиёт, ҳам ба воситаи барномаи давлатӣ. Агар нашуд, ҳатто бо зӯрӣ. Барои ин бояд барномаи давлатӣ тарҳрезӣ шавад, яъне тариқи телевизион бояд мутахассисон баромад кунанд ва ба мардум фаҳмонанд, ки чиро хонанд, чиро не! Бояд гӯянд, ки ин китобро нахонед, музахраф аст, онашро хонед ва маҷбур кунанд. Ҳамин тавр, зидди кинои музахраф, мусиқии музахраф баромад кунанд. Ман ба онҳое, ки мегӯянд давлат ба корҳои адабиёт дахолат накунад, зид ҳастам. Давлат бояд мардумро аз хатари нестшавӣ, фаношавии рӯҳӣ наҷот диҳад. Нагузорад, ки шаҳравандон ҷониби рама раванд. Бигзор оне, ки мусиқии даҳшатноки ҳайвониро таблиғ мекунаду месозад, селаи детективу порнографияро ба адабиёт кашидааст ва мағзи инсонҳоро хароб мекунад, пушти панҷара шинад.  Касоне ки «боз табъиз? Боз фишор?» гуфта даъво мекунанд, ҳақ нестанд. Кош давлат ба хотире, ки инсонҳо инсон бошанд, ба онҳо фишор оварад.

Мо дар асри 21 қарор дорем. Ва боз ҳам мехоҳем, ки  аз роҳи диктатура ба дунёи маънавии инсонҳо таъсир расонем. Ин магар зӯроварӣ ба инсон нест, ки табиаташ демократист?

— Инсоният сохтҳои гуногуни давлатдориро аз сар гузаронид. Ман ҳамаи онро омӯхтам. Капитализм, демократия хубанд, аммо на барои мо. Он барои давлатҳо аврупоӣ шояд хуб бошад, аммо барои русҳову тоҷикон не!

— Чаро тоҷикону русҳо? Магар миёни онҳо монандие ҳаст?

— Хеле. Шумо тасаввур кунед, чаро тоҷикон ба Русия мераванд? Ба Эрон, Туркия, Амрико не.  Чунки тоҷикону русҳо аз як нажоди ҳиндуавропоиаанд ва ҳар ду монанданд: коргар, пуртоқат… Кӣ  сахттарин, бадтарин, чиркинтарин корҳо иҷро мекунад?  Боз ҳам тоҷику рус!

— Темур Қоисмович, Шумо ба суоли аввал ҷавоб надодед, дар синну соли Шумо инсон дар бораи чӣ фикр мекунад?

— Дар синну соли ман? Падарони муқаддас мегӯянд, ки пирӣ барои инсон туҳфаи бузург аст. Пирӣ на барои машғул шудан ба корҳои беҳуда, на барои хешу табор вақт сарф кардан, балки барои мулоқот бо Худо ато шудааст. Инсон дар пирӣ бояд дар гуфтугӯ бо Худо бошад, тамом! Аммо ман ба ин фикр комилан мувофиқ нестам. Ман дар ин синну сол дар бораи чӣ фикр мекунам?  Масалҳои охирини ман дар мавриди асрори пайдоиши ё офариниши инсон дар рӯйи замин аст. Дуруст аст, ки мо барои кушодани ин сир ҳеҷ гоҳ мушарраф нахоҳем шуд, аммо ба он наздик шудан имкон дорад. Ман ҳам чун ҳама нависандагони дунё мехоҳам ин асроро кушоям. Барои чӣ Худованд моро офарид? Ӯ аз офаридани мо дар ҳайрат нашуд магар? Ӯ барои мо охири роҳро омода кардааст? Охират наздик аст? Ин ҳама чун фалсафаи пайдоиши инсон аҷиб аст. Худованд танҳо Одам ва Ҳавворо офарид ва дигар ҳамаи мо дар натиҷаи гуноҳ тавлид шудем.

— Шумо аз марг метарсед?

— Албатта, чун ман ҳанӯз зиндаам ва инстинкти ҳаёт ҳанӯз дар ман ҳаст. Аммо ман бештар аз марг не, балки аз марги тадриҷӣ метарсам.

— Марг аз нигоҳи шумо чист?

— Марг? Бозгашт ба Биҳишт!  Худованд моро аз Биҳишт ронд ва мо боз меравем ҷониби Биҳишт! Ман дар як масалам навишта будам, ки Дӯзах вуҷуд надорад, инсоният дар охир ба Биҳишт меравад, хоҳ гунаҳкор аст, хоҳ бегуноҳ. Дӯзах ин ҳамин дунё аст.

Нависандагони бузурги дунё барои эҷод кардан хилват меҷустанд, тарки манзили аслиашон мекарданд ва дар кишвари дигар кунҷи танҳои ихтиёр мекарданд. Чанд соли охир аст, ки шумо тарки Маскав кардед ва дар Тоҷикистонед. Шумо ҳам Тоҷикистонро ба ин хотир интихоб намудед?

— Дуруст, ман қариб ду соли охир доимӣ дар Тоҷикистон ҳастам. Чун  ман фаҳмидам, ки болаззаттарин хӯрок дар дунё ин нони  дар оби чашма таркарда будааст. Москвае, ки ман 56 сол зистам, аллакай барои  зиндагӣ вазнин шуд. Аҳолӣ зиёд, роҳҳо банд, ғалоғула, миллионҳо омадагон,  масквагиҳои асил 3 фоиз мондаанду халос, шаҳри таърихӣ вайрон шуд, камбағалӣ ба ҳолати маъмулӣ табдил ёфт. Ман ҳам дар пирӣ гирифтори камбағалӣ шудам, чизе надорам, ҷуз хонаи дуҳуҷрагиам дар Маскав. Аммо дар  ин ҷо Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ман хонаи нағз дод, ҳарчанд ки маро дар он ба қайд намегузоранд. Дигар ин ки синну солам ба обу ҳавои тоза ниёз дорад. Ман дар орзуи як хонача дар лаби дарё ҳастам. Барои ҳамин аз Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ӯро чун сиёсатмадори қавиирода шинохтаам, як тақозо дорам: ба ман дар лаби дарё як хоначае ҳадя кунад.

Медонед, ман бо нависандагони бузурги дунё шину хез доштам, мисол Маркес, ки дар канори уқёнус виллаҳо дошту бо президентҳо шинухез. Чунин ҳам бояд бошад- инсонҳои бузург ҳамеша бо бузургон шину хез дошта бошанд.  Роҳбарон, президентҳо ҳам бояд худро аз шуарову нависандагон ва орифон дур нагиранд. Агар соли 1917 Николайи 2 Толстойро барои мулоқот қабул мекард, инқилоби соли 1917 набуд.

Тоҷикистон зодгоҳи ман аст, ин ҷо мардум маро дӯст медоранд. Ин ҷо хонанда дорам, гарчанде хонандагони русам садҳо маротиба зиёд ҳастанд. Ҳарчанд ман ба забони русӣ менависам, нисфи эҷодиёти ман ба  Тоҷикистон бахшида шудааст. Тоҷикон дар осори ман рӯҳи адабиёти ба забони дигар муҳоҷирошудаи худро   эҳсос мекунанд. Агар ман солҳои 70-ум ба забони тоҷикӣ менавиштам, маро кайҳо коммунистон  мепаррониданд, зеро ман адабиёти сирф динӣ менавиштам ва аз тарс навиштаҳоямро дар хонаи кампири армании ҳамсоя пинҳон мекардам.

— Ҳар як нависанда қуллаи эҷодӣ дорад, Толстой «Ҷанг ва сулҳ», Ҳемингуэй «Мӯйсафед ва баҳр», Маркес «Сад соли танҳоӣ», Айнӣ «Ёддоштҳо». Қуллаи эҷодиёти шумо кадом аст?

— Ман, вақте ба 7 ҷилди мунтахаби осорам нигоҳ мекунам, якеро аз дигаре ҷудо карда наметавонам. Ин «Марги амир Темур», «Умари Хайём», «Иқрори Иван Грозний», «Кӯдакии Исои Масеҳ», «Як рӯзи зиндагии ҳазрати Муҳаммад», романи «Афъимори марҷонӣ» ва садҳо масалҳои хурд доир ба Хоҷа Насриддин. Як замон маро Азиз Несин, нависандаи турк пурсид, ки ту ин масалҳоро аз куҷо гирифтӣ? Ман гуфтам аз сарам. Гуфт бовар намекунам.  Гуфтамаш, ки фолклорро мардум месозад, ман низ сохтам. Барои ҳамин миёни асарҳоям наметавонам тафриқа гузорам.

— Агар Шумо ба реинкарнатсия бовар доред, дар зиндагии оянда кӣ будан мехостед? Аслан хоҳиши дигарбора ба замин омадан доред?

— Дар зиндагии оянда мехостам, ки дар соҳили уқёнус тавлид шавам ва боғбон бошам. Ва ё шоири дарборӣ бошаму дар дарбори император ё шоҳони бузург хизмат кунам ва ӯро васф карда, тақдири мамлакаташро пешгӯйӣ намоям.

— Забони асарҳои шумо русист, аммо рӯҳашон чӣ?

— Ду рӯҳия — насоро ки ба русҳо рабт мегирад ва мусалмонӣ, ки ба тоҷикон иртибот дорад. Дар эҷодиёти ман пайғамбарон Исову Муҳаммад (с) рӯ ба рӯи ҳам меоянд.

— Пас Темур Зулфиқоров макони  мулоқоти  ин ду пайғамбар аст?

— Худи ман не, эҷодиёти ман.

Навиштаҳои шумо, аз нигоҳи худатон то кай зинда хоҳанд монд?

— То будани одамият ва забони русӣ.

(Муфассал дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *