Темурмалик: Бинои шуъбаи милитсияи деҳот ифтитоҳ шуд
Дар доираи таҷлили иди касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Темурмалик бинои муосир ифтитоҳ карда шуд. Иншооти мавриди назар сеошёна буда, бо саҳми соҳибкори ватанӣ бунёд шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии кишвар ва масъулини ноҳия иштирок карданд. Иншоот бо дастгирии Ҳукумати кившар ва ҳиссаи соҳибкори ҳимматбаланд Анвар Қурбонов сохта шудааст. Бино аз се ошёна, таҳхона ва 8 утоқи корӣ иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 800 метри мураббаъ бо тарҳи зебо сохта шудааст. Бунёди бинои мазкур дар таъмини шароити муосир ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва боз ҳам беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба сокинон мусоидат мекунад.
Масъулин дар маросими ифтитоҳи иншооти мавриди назар ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҳомиёни ҳуқуқу тартиботро ба садоқатмандона хизмат намудан ба Ватан, гузоштани саҳми бештар дар коҳиш додани ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуданд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ