Темурмалик: Роҳ ба сӯйи саноатикунонӣ
Дар ноҳияи Темурмалик 14 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 3650 нафар бо кори доимӣ таъминанд. Дар ин бора раиси ноҳия Шералӣ Ҳасанзода иттилоъ дод.
Дар давоми шаш моҳи соли 2023 беш аз 10 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Агар ин соҳаро бо соҳаи аграрӣ қиёс намоем, фарқ аз замин то осмон аст. Дар 954 хоҷагии деҳқонӣ агар 4 ҳазор нафар ба кишоварзӣ шуғл дошта бошанд, 206,8 миллион сомонӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулотро ташкил медиҳад.
Раиси ноҳия ба саволи он ки кай ноҳия аз аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил меёбад, изҳор дошт, ки ин раванд хеле душвор аст. Хеле хуб мешавад, ки дар ҳалли ҳадафи чоруми кишвар соҳибкорон саҳми бештаре гузоранд. Чун ноҳия дорои захираҳои калони табиии намак, лойи шифобахш, газ, нефт ва ғайра мебошад. Ҳатто як вақтҳо гази Хоҷа Сартези Темурмалик ба Кӯлоб ҳам интиқол ёфта буд.
Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ