Темурмалик: Сокинони 7 деҳа аз барқ маҳруманд

Дар ноҳияи Темурмалик сокинони 7 деҳа барқи доимӣ надошта, баъзе оилаҳо аз панелҳои хурди офтобӣ истифода мебаранд. 

— Соли гузашта бо қувваи худӣ дар якҷоягӣ бо сокинон як деҳаро бо барқ таъмин кардем. Барои кашидани хати барқ маблағи калон лозим аст, ки онро надорем. Деҳаҳои мазкур аз нуқтаи зеристгоҳи барқӣ масофаи 18 то 30 километр дур ҷойгир мебошанд. Дар баробари деҳаҳои зикршуда дар ноҳия боз деҳае ҳаст, ки дар он ҷо ду хоҷагӣ умр ба сар мебаранд,- гуфт, сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Темурмалик Ҳасан Исматзода.

Қарзи истифодаи нерӯи барқ, симчӯбҳои куҳнаю фарсуда, надоштани маводи зарурӣ, аз ҷумла равғани трансформатор, сӯзишвории дизелӣ, симчӯбҳои оҳану бетонӣ ва техникаҳои корношоям аз мушкилоти дигари Шабакаҳои барқи ноҳияи Темурмалик ба ҳисоб мераванд. Тибқи маълумоти дастрасгардида, айни замон дар ноҳия 16 ҳазору 919 пояҳои чӯбин ва зерпояҳои оҳану бетонӣ мавҷуд аст, ки 3 ҳазору 522 ададаш пояҳои фарсуда мебошанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *