Темурмаликро ба ҷазира мебаранд

 Дар Хуҷанд тасмим гирифтанд, пайкараи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик дар ҷазираи ҳамномаш дар рӯди Сир бунёд гардад.

 Қаблан мехостанд, пайкараро дар ҷойи дигар бисозанд, вале таърихшиносону донишмандон пофишорӣ доштанд, Темурмалик бояд дар ҷои аслии муборизаву ҷонфидоиаш қад боло кунад. Соли 2018 аз муборизаи Темурмалик бар зидди лашкари Чингизхон 800 сол пур мешавад. Ҷазираи Темурмалик — хушкие дар байни рӯди Сир дар канори ҷанубии Хуҷанд ҷойгир аст. Ин ҷазира ҳоло ҳам чун давраи Темурмалик дар 800 сол пеш сарсабз аст, вале деворҳои ҳисори қадимаи атрофи он зери об мондаанд ва ба чашм намерасанд.Ҳоло шаҳрдорӣ нияти дар ин ҷо бунёди ҳайкал ва роҳ ба ҷазираро дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *