Теппаи-қӯрғон фурӯ меравад? Кӣ онро месозад?

Теппаи-Қӯрғон, маъруфтарин иншооти таърихӣ дар шаҳри Бохтар фурӯ рафта истодааст. Масъулин осорхонаи таъриху кишваршиносии “Бибихонум”-ро, ки дар баландии ин Теппа ҷойгир аст, садамавӣ гуфтанд ва фаъолияташро қатъ карданд.

Дари бастаи осорхона

Сафарбек Одинаев, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии “Бибихонум”-и шаҳри Бохтар дар суҳбат бо рӯзномаи “Тоҷикистон” гуфт, ки аз вазъияти осорхона ба шаҳрдорӣ мактуб кардем ва бештар аз ду моҳ мешавад, ки дари осорхонаро бастаанд. Ӯ мегӯяд, фарши осорхона ҷо-ҷо кафидааст. Дар чунин вазъият баста будани он хубтар аст,-таъкид кард вай.

Ба нақша мегирем. Вале…

Комрон Гулов, сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар оид ба Теппаи-Қӯрғон, ки соли 1999 бозсозӣ шуда буд мегӯяд:  “Дубора бозсозӣ кардани онро дар нақшаи иншооти сохташавандаи соли 2022 ҷойгир мекунем. Аммо маблағи зиёд лозим аст. Сохтмони амфитеатр, чойхонаи миллӣ ва гузоштани муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров низ дар нақша ҷойгир карда хоҳад шуд. То ҳол хароҷоти бозсозии Теппаи-Қӯрғон маълум нест. Аммо корҳои сохтмонӣ марҳила ба марҳила аз ду то чор сол идома меёбанд. Чунки шаҳри Бохтар имконияти якбора сохтани онро надорад”. 

Аз 40 то 50-миллион сомонӣ

Аммо Валиҷон Ятимзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар, дар суҳбати бидуни сабт танҳо ҳаминро гуфт, ки то ҳол лоиҳаи ангоравии Теппаи-Қӯрғон дар ду шакл омода шудааст. Маълум нест, ки кадомаш қабул мешавад.  Вале барои амалӣ кардани яке аз ин тарҳ беш аз 50-миллион сомонӣ лозим аст.

4-сол кам аст

Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар, афзуд, ки аз буҷети маҳаллӣ дар як ё ду сол имкони 50-миллион сомонӣ  ҷудо карданро надоранд. Барои ин камаш панҷ шаш сол лозим. “Барои сохтмони иншоот дар вилояти Хатлон маблағро ҳукумати кишвар аз рӯй реҷа ҷудо мекунад. Баъдан аз ҳамон ҳисоб ҳиссаи шаҳри Бохтар ҷудо карда мешавад”.

Қасри шоҳон фурӯ меравад?

Масъулини осорхонаи таъриху кишваршиносии “Бибихонум”-и шаҳри Бохтар мегӯянд, пайдоишӣ Теппаи-Қӯрғон аз асрҳои 1-2 оғоз ёфтааст. Он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асри 19-20 қалъаи Беки Қӯргонтеппа ҷойгир будааст. Теппа муҳимтарин мавзеъ барои сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар аст. Ҳамарӯза даҳҳо нафар аз он дидан мекунанд. Як макони фароғату истироҳати сокинон аст. Аммо вақтҳои охир қисмати болоии Теппа оҳиста-оҳиста фуру рафта истодааст. Таърихнигрон мегӯянд, Теппаи-Қӯрғон таърихи ғанӣ дошта, муаррификунандаи натанҳо Бохтар, балки  ин минтақаи кишвар ба ҳисоб меравад.

Дасти кўтаҳи масъулин

Масъалаи бозсозии он дар сатҳи шаҳрдорӣ матраҳ мешавад. Масъулини вилояти Хатлон ва Вазорати фарҳангро зарур аст ба ин масъала жарфтар таваҷҷуҳ намоянд. Аз ҳисоби мақомоти маҳаллии шаҳр бозсозии он имкон доштааст. Вале дар як сол наздики 48-миллион сомонӣ аз буҷети шаҳри  Бохтар ба буҷети вилояти Хатлон ҳиссаҷудокунӣ мешавад. Дар ин сурат бозсозии иншооти мавриди назар бо ҳиссаи худи мақомоти маҳаллӣ ҳеч имкон надорад.

Ваъдаҳои осмонӣ

Аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар посух ба муроҷиати мо гуфтанд, ки кам кардани ҳиссаҷудокунӣ аз буҷети шаҳри Бохтар ба буҷети вилоятӣ имкон надорад. Соли оянда агар қисми даромади буҷети вилояти Хатлон барзиёд иҷро шавад, шояд масъалаи ҷудо кардани маблағ барои бозсозии Теппаи-Қӯрғон аз ҳисоби вилояти Хатлон баррасӣ карда шавад”,-гуфтанд аз Сарраёсат.

Раисон вақти амал аст

Мутасаддиёнро зарур аст, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Бохтар, ҳиссаи вилояти Хатлону маблағгузорӣ аз Вазорати молияи кишвар ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ё бо ҷалби сармояи хориҷӣ Теппаи-Қӯрғонро бозсозӣ кунанд. То аз фурўравии он ҷилавгирӣ шуда, як мавзеъи мавриди таваҷҷуҳи меҳмонони дохиливу хориҷӣ обод карда шавад. Ин албатта арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни куҳани миллати шарифи тоҷик аст. Ҳоло масъулин бигӯянд, ки кай остини хешро бар мезананд?

Машраби Аловиддин

 “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *