Терористи Ӯзбек «Daily Sabah»-и Туркияро тарконидааст
Пулиси Истанбул 7 январ номи гумонбари ҳамлаи хунин ба клуби маъруфи Reina-ро эълон кард, ки шаби Соли Нав дар тан либоси Бобои Барфӣ 39 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро захмӣ карда буд. Бино ба хабари нашрияи «Ҳуррият» ва «Daily Sabah»-и Туркия, гумонбар Абдулқодир Машарипов – маъруф бо лақаби «Абу Муҳаммад Хуросонӣ» – шаҳрванди Узбакистон будааст.
Мақомоти тафтишот дар бораи шахсияти Абдулқодир Машарипов ҷузъиёти зиёд надода ва танҳо гуфтаанд, вай 29-сола буда, бо истифода аз бебандуборӣ бо таксӣ ба минтақаи дигар фирор намудааст. Тафтишот мегӯяд, «нафари гумонбар ҳатто барои пардохти ҳаққи хидмати таксӣ пул надошт, чун 500 лира (тақрибан 200 доллар)-ро дар ҷайби либоси Бобои Барфӣ дар ошпазхонаи клуби Reina фаромӯш карда буд.»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ