Терористон ҳуҷуми эҳтимолӣ ба Тоҷикистон (Аудио)

…Субҳи имрӯз  домони торикӣ сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро дарид, вале баробари даридани он таркиши сахте фазои деҳот ва дидбонгоҳи сарҳадиро ноором кард. Як адад автомашина бар асари таркиш дар ҳаво пош хӯрд. Ба отряди сарҳадӣ хабар расид, ки гурӯҳи хурди террористон вориди хоки Тоҷикистон шуданд. Миёни террористон ва сарҳадбонон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Чанд нафар аз сарҳадбонон ва аҳолии осоишта ба ҳалокат расиданд ва захмӣ шуданд. Барои кумак ба сарҳадбонон ва безарар гардонидани террористон дастаи зудамал сафарбар гашт. Дастаи террористон нобуд карда шуд, вале ин амалиёти террористон фиреби назар буд. Онҳо бо ин гурӯҳи хурд мақсад доштанд, ки диққати сарҳадбонон ва неруҳои давлатиро ба ин қисмати  сарҳад  ҷалб кунанд ва аз ҷои дигар гурӯҳи калони мусаллаҳ вориди хоки Тоҷикистон гардид. Аз ин хусус аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ ва чӯпоне маълумот расид. Хадамоти кашшофӣ ин маълумотро тасдиқ карда,  онро ба фармондеҳи қувваҳои зудамал расонд. Барои  аниқ кардан ҳавопаймоҳои Л- 29- и Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ амалиёт гузаронид, ҳудуди муайяншударо таҳти мушоҳида қарор дод. Воқеияти маълумотҳо тасдиқ гардид.

Фармондеҳи ситоди муттаҳида  қарор қабул кард, ки ба мавзеи ҷойгиршавии террористон оташи шадиди авиатсия равон карда шавад. Разветкаи ҳавоӣ гурӯҳҳои мусаллаҳро дар ҳудуди то 300 нафар муайян кард, ки ба самти маҳаллаи аҳолинишин ҳаракат доранд. Гурӯҳҳои хурди дигар аллакай дар теппаҳои минтақаи аҳолинишин маскан гирифта буданд. Авиатсияи ҳарбӣ зарба мезанад. Баъди зарбазанӣ аз авиатсия қисме аз террористон нобуд  шуданд ва қисми дигар пароканда гардида, барои раҳоӣ аз нобудшавӣ хостанд ба дохили кишвар ҳаракат кунанд ва дар мавзеи аҳолинишин паноҳ баранд. Аммо  заифии террористон дар он аст, ки мардуми осоиштаро ҳамеша барои расидан ба ҳадафҳои касифи худ истифода мебаранд. Террористон мактаби деҳаро ғасб ва 11 нафар муаллимон ва шогирдони мактабро гаравгон гирифтанд. Вале ҳанӯз мардуми минтақаи Хатлон аз ин бехабар буданд. Дар Теппаи Сафед гурӯҳи тахминан 20 — нафараи террористон дар хонаи ҷангалбон ҷойгир шуданд ва  бинои маъмуриро низ забт намуданд.

Тибқи супориш ба ин минтақа як қисми таъиноти махсуси Гвардияи миллӣ сафарбар гардид. Онҳо ҷои мавқеъгирии террористонро муайян намуда, сараввал посбононро бо корд ва силоҳи беовоз безарар гардониданд. Гурӯҳи иҳотакунандаи ин ҷузъу том  ба самти бино ҳаракат карда, посбононро дар болои бино бо силоҳи беовоз нобуд карданд ва барои ворид шудани гурӯҳи зарбазан шароит фароҳам оварданд. Гурӯҳи зарбазан бо мошинҳои махсус, иборат аз ду гурӯҳ ба ҷои амалиёт ҳозир шуданд. Онҳо дарҳоро бо маводи тарканда ва силоҳи махсуси даршикан боз намуда, вориди бино  шуда, террористонро дастгиру безарар гардониданд. Дар натиҷа 8 нафар террорист нобуд ва ду нафар сарваронашон дастгир шуданд, 11 нафар гаравгонҳо озод гардиданд. Ин амалиётро Гвардияи миллӣ хеле муваффақона  ба анҷом расонид.

Аммо террористон, гӯё ки ин ҳамаро медонистанд, тарҳҳои дигар кашиданд. Ба Вазорати корҳои дохилӣ маълумот расид, ки якчанд террорист тавассути автомашина, шояд барои кашшофӣ бошад, аз Қӯрғонтеппа ҷониби  Душанбе ҳаракат доранд. Вазири корҳои дохилӣ ба гурӯҳи таъиноти махсус барои дастгир ва безарар гардонидани ин гурӯҳ дастур дод. Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар чор адад автомобил сафарбар шуданд. Дар шоҳроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа гурӯҳи кашшофии террористон дастгир шуданд. Дар рафти пурсиш маълум гардид, ки дар бинои роҳсозон иборат аз 20 нафар террористон ҷой гирифтаанд ва гаравгон надоранд. Мақсади ин гурӯҳ анҷом додани амалиёти террористӣ, гаравгонгирӣ  ва ба ин восита ба ҳарос андохтани мардум буд. Барои нобуд кардани онҳо гурҳи таъиноти махсуси милитсия бо ду адад техникаи зиреҳпӯши ТИГР ва гурӯҳи зудамали милитсия сафарбар шуд. Қаблан барои  мушоҳида ва додани ахборот гурӯҳи мергании таъиноти махсуси ВКД ба нуқтаҳои мушоҳидавӣ сафарбар шуданд. Гурӯҳи мерганӣ хабар дод, ки дар ин  бино дар ошёнаи якум 7 нафар, дар ошёнаи дуюм 5 нафар террорист ва дар болои бино як нафар бо милтиқи шикорӣ сангар гирифтаанд. Гурӯҳи мерганӣ нафари болои бомро безарар гардонд ва имкон фароҳам овард, ки амалиёт сурат гирад. Гурӯҳи ҳуҷумкунандаи таъиноти махсус барои безарар ва несту нобуд кардани ин  гурӯҳ ҳуҷум кард. Дар натиҷаи ин ҳуҷум 8 террорист нобуд карда шуд. Аммо саркардагони онҳо аз роҳи ақиби бино, ки махсус барои худ омода карда буданд,  фирор карданд. Гурӯҳи таъиноти махсус аз фирори онҳо ба ситод маълумот дод. Гурӯҳи зудамали ВКД дар минтақаи муносиб камин гирифт. Қисме аз сарварони дастаи террористӣ нобуд карда шуда, аз ҷои ҳодиса ба миқдори зиёд силоҳ ва маводи тарканда, таҷҳизоти электронӣ , 15 адад симкорт мусодира гардид.

Дар натиҷаи амалиёт гурӯҳҳои террористӣ пароканда шуданд ва қисме аз онҳо барои раҳоӣ ёфтан ба як иншооти давлатӣ ворид гардиданд, чанд нафар аз сокинони осоиштаро ба гарав гирифтанд. Дастур дода шуд, ки тавассути чархбол ба болои бино десант шинонида шавад. Чархболи МИ 24 барои гурӯҳи зудамалро ба он ҷо бурда, онҳо  ба амалиёт оғоз намуданд. Дастур дода шуд, ки   ҳамлаи мусаллаҳона ба дохили бино анҷом дода шавад. Аз забони террористон дастгиршуда фаҳмиданд, ки саркардагони террористон мехоҳанд тайёрае ба даст оранд ва тавассути он фирор намоянд. Мувофиқи қарори ситоди доимамалкунандаи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои анҷом додани ин амлиёт гурӯҳи“Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сафарбар шуд. “Алфа” ба иҷрои амалиёти “Соҳил 42” шурӯъ кард. Маълум гардид, ки террористон дар майдони ҳавоӣ тайёраро ғасб ва чанд нафар сарнишинони онро гаравгон гирифтаанд . “Алфа” амалиётро  оғоз намуд. Маълум шуд, ки террористон бо худ як ҳамсафи захмӣ низ доранд. Онҳо аз мақомоти давлатӣ талаб карданд, ки ба ҳамсафи захмии онҳо кумаки тиббӣ ва ба тайёра сӯзишворӣ расонанд. Мошини ёрии таъҷилӣ ва мошини сӯзишворикашон омаданд , вале дар дохили онҳо гурӯҳҳои КДАМ қарор дошт. Онҳо тайёраро ба иҳота гирифта, ба ҳуҷуму безараргарднии терррористон оғоз намуданд.

Гурӯҳи зиёди террористон зимни шикаст хӯрдан ба ҳар тараф фирор карданд ва дар кӯҳистону  минтақаи аҳолинишин пинҳон шуданд. Ба он минтақа оташи шадиди тӯпҳо равона карда шуд. Террористон дар кӯҳпораҳо паноҳ бурда, ба иҳота гирифта, нобуд сохтанд.

Террористон роҳи гурезро пеш гирифтанд. Аз ақиби онҳо гурӯҳи парашутистони десанти фазоии тактикӣ тавассути тайёраи АН- 2 фуруд омада, террористон чун малахҳо ба дом афтоданд…

…Ин амалиёти рамзии машқии ҳарбӣ имрӯз тавассути афсарони Вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ дар ҳамдастӣ  бо дивизияи 201- и Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия баргузор гашт. Дар он ёрдамчии Президент Шералӣ Хайруллоев, котиби Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо , вазири корҳои дохилӣ  Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидмӯмин Ятимов, фармондеҳи Гвардияи  миллӣ Бобоҷон Ҷамолзода ширкат намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *