Террористи кушташуда Одил Қаюмов магар аз Тоҷикистон буд?
“Одил Қаюмов, террористе,ки дар Химкии назди Маскав безарар гардонида шуд, метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад” иттилоъ медиҳад, портали LIFE SHOT Telegram, бо истинод ба як манбаи огоҳ аз ФСБ-и Русия.
Бино ба иттилои манбаъ, патенти меҳнатӣ ва нусхаи шаҳодатномаи ронандагӣ аз марди кушташуда дарёфт карда шудааст. Тибқи ҳуҷҷатҳо, террорист сокини 19-солаи Тоҷикистон О.Х.Қаюмов мебошад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ФСБ аз ҳамлаи террористӣ дар Маскав ҷилавгирӣ кардааст, ки онро як сокини кишварҳои Осиёи Марказӣ омода кардааст. Тавре ки як манбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Lente.ru шарҳ додаанд, ин мард чанд рӯз боз зери назорати хадамоти махсус буд ва аз мукотибаи ӯ бо созмонҳои террористии Сурия ва шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Федератсияи Русия қарор доранд, огоҳ буданд. «Амалиётчиён диданд, ки ӯ ба гараж ворид шуда, бо яроқ берун шудааст. Вай ба пешниҳоди таслимшавӣ ҷавоби рад додааст ва безарар гардонида шуд», — гуфтаст манбаъ. Сохторҳои масъули Тоҷикистон паи мушаххас кардани шахсияти Қаюмов тафтишот бурда истодаанд.
А.А.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ