Терроризм душамни ҳама аст

400  нафар аз 46 кишвари дунё дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадаанд, то роҳҳои пешгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризмро баррасӣ кунанд, ки таҳдиди ҳарду зуҳурот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон зиёдтар шудааст.

Конфронс бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт,“Ҳадафҳои конфронси байналмилалӣ таҳкими ҳамкориҳои мутақобила оид ба масоили муайан ва пешгирии амалиётҳои террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо барои муқовимат бо терроризм миёни кишварҳо, баррасии мушкилоти амалисозии чораҳои мубориза бо терроризм, ҳамкориҳо барои муқовимат алайҳи ҷиноятҳои кибернетикӣ мебошанд.”Иттиҳодияи Аврупо низ дар ҳамин рӯз бо нашри баёнияи расмие гуфт, “Осиёи Марказӣ ва минтақаи васеъ айни замон ба душвориҳои ҷиддии амниятӣ дучор мешаванд, ки бояд ба таври фарогир, дар чорчӯбаи манфиатҳои минтақа ва ҷаҳони дигар ҳалли худро пайдо кунанд“.Дар ин баёния омадааст, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ҳамчун шариконе, ки бо Афғонистони ноором ҳамсарҳаданд, масъулияти муҳими ҷилавгирӣ аз густариши ифротгароӣ ва терроризмро доранд ва дар ин замина ба кӯмак эҳтиёҷ доранд.Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки қасд дорад, дар оянда ҳам ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар ҷилавгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ кӯмак кунад. Ба тахмини Гурӯҳи байналмилалии таҳқиқи бӯҳронҳо, то кунун бештар аз 4 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ ва ба дигар созмонҳои ифротгаро пайвастаанд. Ҳазор нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот нигаронанд, ки бо маҳви ДОИШ дар Ироқу Сурия мумкин аст, ин ифротиён ба Осиёи Марказӣ баргарданд ва ба харобкорӣ даст бизананд. Аз ҷумла ба гуфтаи мақомоти расмӣ, аз соли 2014 то кунун ба Тоҷикистон 70 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламравҳои зери итоати “Давлати исломӣ” ба ватан баргаштаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *