Тест: Бой мешавӣ ё фақир?
Хушбахтӣ дар боигарӣ нест мегӯянд, вале дар зиндагии мо пулу мол нақши хеле бузургро мебозад. Шумо имкони бой шуданро доред ё не? Барои ба ин савол ҷавоб пайдо намудан, ба саволҳои санҷишнома аз сидқи дил ҷавоб диҳед. Инак, рафтем!
Саволи 1:
Ба шумо 100.000 сомонӣ пешниҳод мекунанд ва барои дар давоми сол чанд карат зиёд намудани маблағи доштаатон имконият фароҳам меоранд. Кадомашро интихоб мекунед?
Варианти ҷавобҳо:
А. Пулро намегирам, зеро дар ин замона касе бе ғараз ягон тин намедиҳад.
Б. 100.000 сомониро мегирам, бурдро аз даст намедиҳам.
В. Як сол интизор мешаваму маблағи худамро бо роҳи ҳалол зиёд карда мегирам.
Ҷавобро навишта гиред: Варианти А-10 хол, варианти Б-20 хол, варианти В-30 хол.
Саволи 2:
Шумо пойафзол харидан мехоҳед. Фурӯшанда мегӯяд, ки имрӯз дар мағоза тахфиф аст ва дар сурати харидани 2 пойафзол сеюмашро бепул гирифта метавонед. Чиро интихоб мекунед?
Варианти ҷавобҳо:
А. Албатта мегирам, ин пешниҳоди олист!
Б. Агар писандам ояд, боз як пойафзоли дигар мехарам.
В. Не, ба ман як пойафзол кифоя аст.
Ҷавобҳоро навишта гиред: Варианти А-10 хол, варианти Б-20 хол, варианти В-30 хол.
Саволи 3:
Вақте харидкунӣ меравед, рӯихат тартиб дода, хароҷоти худро назорат мекунед?
Варианти ҷавобҳо:
А. Ҳамеша!
Б. Барои ин вақт надорам!
В. Баъзан менависам, агар пулам кам бошад.
Ҷавобҳоро навишта гиред: Варианти А-30 хол, варианти Б-10 хол, варианти В-20 хол.
Саволи 4:
Тамғаи нави телефони айфон ба фурӯш мебарояду таърифу тавсифи он аз даҳон ба даҳон мегардад. Телефони куҳнаи шумо ҳанӯз хеле хуб кор мекунад. Чӣ кор мекунед?
Варианти ҷавобҳо:
А. Ба ман телефони дигар чӣ лозим?
Б. Телефони нав мехарам, агар имконияти молиявӣ дошта бошам.
В. Бо кадом роҳе, ки набошад, ҳатман телефони навтаринро мехарам!
Ҷавобро нависед: Варианти А-30 хол, варианти Б-20 хол, варианти В-10 хол.
Саволи 5:
Дар зодрӯзатон чӣ гуна туҳфа мехоҳед?
Варианти ҷавобҳо:
А. Пул.
Б. Китоби омӯзанда.
В. Ягон чизи аҷиберо, ки худам ҳеҷ гоҳ намехарам.
Ҷавобро нависед: Варианти А-10 хол, варианти Б-30 хол, варианти В-20 хол.
Саволи 6:
Дӯстатон барои консерт билети бепул меёбад. Консерт дар шаҳри дигар баргузор мешавад ва барои сафар бароятон пул лозим аст. Чӣ ҷавоб медиҳед?
Варианти ҷавобҳо:
А. Не, ин хароҷот дар нақшаам набуд.
Б. Албатта, ба консерт меравам!
В. Сараввал ҳисоб мекунам, ки чӣ қадар маблағ сарф мешавад.
Ҷавобро навишта гиред: Варианти А-30 хол, варианти Б-10 хол, варианти В-20 хол.
Саволи 7:
Чӣ гуна ғизо мехӯред?
Варианти ҷавобҳо:
А. Ҳамеша фастфуд мехӯрам.
Б. Хӯроки хонагӣ тановул мекунам.
В. Дар тарабхонаву қаҳвахона хӯрок мехурам.
Ҷавобро навишта гиред: Варианти А-10 хол, варианти Б-30 хол, варианти В-20 хол.
Саволи 8:
Кори якранг, вале маошаш баландро интихоб мекунед ё кори табъи дилу маошаш камро?
Варианти ҷавобҳо:
А. Кори якрангро интихоб мекунам.
Б. Ман аз шуғли дӯстдоштаам маблағи хуб ба даст оварда метавонам.
В. Танҳо бо кори табъи дил машғул мешавам, пул бароям моҳият надорад.
Ҷавобро навишта гиред: Варианти А-20 хол, варианти Б-30 хол, варианти В-10 хол.
Саволи 9:
Тасаввур кунед, ки ба шумо вазифаи баланд медиҳанд, вале дӯсти наздикатонро бояд аз кор озод намоед. Чӣ кор мекунед?
Варианти ҷавобҳо:
А. Албата, рад мекунам!
Б. Сараввал бо дӯстам гап мезанам, баъдан сари қароре меоям.
В. Дӯстамро аз кор озод мекунам, ӯ маро дарк мекунад.
Ҷавобро нависед: Варианти А-10 хол, варианти Б-20 хол, варианти В-30 хол.
Саволи 10:
Мафҳуми зиндагиро чӣ гуна дарк мекунед?
Варианти ҷавобҳо:
А. Дастовардҳои бузург, аз ҷумла молиявӣ.
Б. Зиндагӣ ин саёҳат аст.
В. Беҳтар сохтани ҷаҳон.
Ҷавобро нависед: Варианти А-30 хол, варианти Б-20 хол, варианти В-10 хол.
Натиҷаи санҷишнома
Аз 100 то 160 хол
Аз 100 то 160 хол ба даст оварда бошед, ҳаётатон хуш мегузарад. Сарватманд набошед ҳам, дӯстону саёҳатҳоятон хеле зиёд мешаванд. Пул барои шумо қадр надорад. Барои хушҳолии худ аксаран пулро аз будаш зиёд сарф мекунед.
Аз 170 то 230 хол
Холҳои шумо аз 170 то 230 бошад, худро бароҳат эҳсос мекунед. Барои зиндагии шоиста, хӯроки тарабхона, молу ашёи қиматбаҳо пулатон басанда аст. Шумо медонед, ки ба даст овардани пулу мол заҳматро талаб мекунад, аз ин лиҳоз, хароҷоти худро тавре ба нақша гиред, ки дар ҳолати ногувор намонед.
Аз 230 то 300 хол
Аз 230 то 300 хол гирифта бошед, шумо одами сарватманд мешавед! Пул маънии зиндагиятон аст! Ба хотири ба даст овардани пул шумо ба ҳама кор қодир ҳастед. Ҳар як тини худро ҳисоб мекунед. Табиатан заҳматкаш ҳастед ва қобилияти хуби соҳибкорӣ доред. Шумо чунон корчаллонед, ки аз ҳаво ҳам пул ба даст оварда метавонед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ