Тест: Оё мушкилиро ҳал карда метавонед?

 

Шумо аз уҳдаи ҳалли мушкилиҳое, ки дар зиндагӣ пеш меоянд, мебароед ё бо пайдо шудани хурдтарин монеъ дар сари роҳатон ба таҳлука афтида, сари калобаатонро гум мекунед? Барои ба ин савол ҷавоб пайдо кардан ба саволҳои санҷишнома ҷавоб бигӯед.

  1. Шумо нохушиҳои ҳаётро ба душворӣ таҳаммул мекунед?

А) Не.

Б) На ҳамаашро ва на ҳамеша.

В) Бале.

  1. Мушкилоти худро ба дӯстону дугонаҳоятон мегӯед?

А) Не.

Б) Аз вазъият вобаста аст.

В) Бале.

  1. Бо нафаре, ки шуморо меранҷонад, дарҳол муноқиша мекунед?

А) Бале.

Б) На ҳамеша.

В) Не.

  1. Агар шуморо ранҷонанд, ба ғам фурӯ меравед?

А) Не.

Б) Баъзан.

В) Бале, њамеша.

  1. Ба ақидаи шумо, танҳо равоншинос метавонад мушкили инсонро ҳал намояд?

А) Не.

Б) Аз мушкилӣ вобаста аст.

В) Бале.

  1. Агар шуморо ранҷонанд, кунҷи танҳоӣ меҷӯед?

А) Не.

Б) На ҳамеша.

В) Бале.

  1. Дар лаҳзаҳои хушбахтӣ фикр мекунед, ки хандаи бахт зудгузар аст?

А) Не.

Б) Баъзан.

В) Бале.

  1. Шумо худро шахси хуштолеъ мешуморед?

А) Бале.

Б) На ҳамеша.

В) Не.

Холҳоро ҷамъ карда бо натиҷаи санҷишнома шинос шавед

А-ҷасур

Интихоби бештари ҷавоби «а» аз он шањодат медиҳад, ки шумо шахси пурзӯру ҷасур ҳастед. Зарбаҳои тақдирро бо сабурӣ қабул намуда, нохушиву бадбахтиҳоро бо осонӣ рафъ менамоед. Фаромӯш насозед, ки баъзан дар назди нафарони наздиктарин дарди дил кардан нишонаи заифӣ нест.

Б-дӯст дорам, чӣ ғам дорам!

Интихоби бештари ҷавобҳои «б» маънои онро дорад, ки шумо агар хоњиш дошта бошед, мушкилиҳои зиёдеро рафъ карда метавонед, вале баъзан аз дӯстону хушовандонатон мадад мепурсед. Наздиконатон медонанд, ки баҳудаву беҳуда сари онҳоро гаранг намекунед, барои ҳамин бо камоли майл ба кўмак мешитобанд.

В-тарсончак

Интихоби бештари ҷавобҳои «в» маънои онро дорад, ки шумо мушкилу бадбахтиҳои худро рафъ карда наметавонед.  Хоҳиши бо мавҷҳои зиндагӣ мубориза бурданро надоред, аз ин лиҳоз ба рафти он шино мекунед. Ба худ, қувваи худ ва имкониятҳоятон умед бандед, он гоҳ мушкили зиёдеро паси сар мекунед.

Таҳияи Нодираи Раҷаб

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *