Тест: Шумо ба ҳодисаҳои тасодуфӣ омода ҳастед?

  1. Бо сабаби нагирифтани чатр ё боронӣ аксаран таги борон мемонед?
  2. Ҳангоми аз хона баромадан дурудароз фикр мекунед, ки чизеро фаромӯш насозед?
  3. Аксаран ҳангоми ба сафар баромадан чизеро фаромӯш мекунед?
  4. Ҳамеша бо худ ручка мегардонед?
  5. Ҳангоми ҳодисаҳои ногаҳонӣ ба куҷо муроҷиат карданро медонед?
  6. Дар хона қуттии доруворӣ доред?
  7. Ба андешаи шумо ду касб доштан аз як касб беҳтар аст?
  8. Пулҳоятонро дар ду ҳамён нигоҳ медоред?
  9. Ба хотири ба чизе ноил гаштан, таваккал мекунед?
  10. Ба андешаи шумо инсон бояд ҳамеша эҳтиёткор бошад?
  11. Яхдони шумо ҳамеша пури маҳсулот аст?
  12. Дорувориҳои лозимаро бо худ гирифта мегардед?
  13. Барои он ки дар лаҳзаи душвор танҳо намонад, одам бояд дӯстони зиёд дошта бошад?

Барои ҳар як ҷавоби манфӣ (не) ба саволҳои 1, 5 ва 9 ва барои ҳар як ҷавоби мусбӣ (бале) ба саволҳои боқимонда ба худ 1 хол гузоред. Холҳоро ҷамъ карда бо натиҷаи санҷишнома шинос шавед.

Беш аз 9 хол

Холҳоятон аз 9 зиёд шуда бошанд, шумо ба доираи нафароне дохил мешавед, ки хеле эҳтиёткоранд. Шумо оқибати ҳар амали худро андеша намуда, баъдан амал мекунед. Ҷиҳози нодаркорро бароварда намепартоед, баногаҳ даркор мешавад гӯён, дар хона нигоҳ медоред. Бо чунин дурандешӣ шумо аз вазъиятҳои ногувор эмин мемонед, вале фаромӯш накунед, ки баъзан ҳодисаҳои ногаҳонӣ зиндагии моро рангу бӯйи тоза мебахшанд.

Аз 3 то 8 хол

Миқдори холҳоятон аз он далолат менамоянд, ки шумо одами дурандеш ҳастед, вале на ҳамеша ва чандон зиёд не. Ин амалатон хуб аст, тавре мегӯянд: «Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст». Бо нафаре, ки ба рафтори ногаҳонӣ омода аст, зистан аҷиб аст. Ҳар қадами худро ҳисоб карда гузоштан ба дили атрофиён мезанад. Барои дар зиндагӣ муваффақ шудан таваккал карданро бояд омӯхт.

Аз 3 хол камтар

Шумо комилан ҳодисаҳоро пешгӯӣ карда наметавонед ва аз мушкилиҳои ба саратон омада метарсед. Аз ин хотир, зуд-зуд аз худ пурсон шавед, ки «Оё ман дуруст рафтор мекунам?» ва бо тамоми роҳу усулҳо руҳу равони худро ҳимоя намоед.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *