Тест: Шумо бардамед ё афгор?
Ҳама кор, ҳатто кори табъи дил ҳам инсонро хаста месозад. Инсон реҷаи истироҳату меҳнатро риоя накунад, кораш аз ҳад зиёд ва асабхароб бошад, вой бар ҳолаш.
Ба суолҳои санҷишномаи мо ҷавоб гуфта, фаҳмидан мумкин аст, ки то кадом андоза шумо хаста шудаед ва барои барқарор сохтани қувваи руҳиву ҷисмонӣ бароятон чӣ қадар вақт лозим аст. Ба суолҳо ростқавлона ҷавоби «бале» ё «не» диҳед ва барои ҳар як ҷавоби «ҳа» ба худ 2 холу барои ҷавоби «не» 0 хол монед.
- Вақтҳои охир нисфирӯзӣ хастагиро эҳсос мекунед?
- Шумо бо душворӣ хоб меравед?
- Хобатон ноором гаштааст?
- Дар ҷойи кор аксаран корҳоятон нотамом мемонанд?
- Баъди кор хастагиро баръало эҳсос мекунед?
- Вақтҳои охир аз бисёр чизҳо хушҳол намешавед?
- Ба муносибатҳои маҳрамона чандон майл надоред?
- Аз камбудиҳои рӯзгор асабатон хароб мешавад?
- Субҳгоҳон худро хаста эҳсос мекунед?
- Рӯзона аксаран хоболуд мешавед?
- Вақти иҷрои корҳои хона ҳама чиз аз дастатон меафтад?
- Фикру андешаҳои худро ҷамъ карда наметавонед?
- Фаромӯшхотир шудаед?
- Дар ду рӯзи истироҳат хастагии якҳафтаинаатон намебарояд?
- Шавқатон ба кор кам шудааст?
- Аз ноҷӯриҳои боду ҳаво нофор мешавед?
- Асабониятатон зиёд гаштааст?
- Орзуи ба ягон ҷазираи беодам рафтанро доред?
Холҳоро ҷамъ карда бо натиҷа шинос шавед
0-5 хол
Агар то 5 хол гирифта бошед, ин маънои онро дорад, ки шумо ҷисману руҳан бардам ҳастед, ба саломатиятон зараре таҳдид намекунад. Шодикафак шуда, бо қувваи дучанд ба кор начаспед. Ҳар сол дар вақташ рухсатии меҳнатӣ гирифта, дам гиред, то ҳамеша бардаму бақувват монед.
6-20 хол
А 6 то 20 хол маънои онро дорад, ки аллакай дар вуҷуди шумо нишонаҳои аввалини хастагӣ пайдо шудаанд. Ҳарчи зудтар истироҳат намоед. Имкони пурра истифода бурдани рухсатии меҳнатиатонро надошта бошед, зуд-зуд ба сайри боғу чаман бароед.
20-35 хол
Ин нишондод аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сахт хаста шудаед. Шуморо лозим аст, ки фавран рухсатии меҳнатӣ гирифта, нағзакак дам бигиред, то қувваи ҷисмонию руҳиатон аз нав барқарор шавад. Агар якравӣ карда, бо ҷисму ҷони хаста, худро зӯран ба кор бахшидан гиред, аз по афтиданатон имкон дорад. Он вақт ба ҷуз мутахассисони соҳаи тиб дигар касею чизе ба шумо кӯмак расонида наметавонад.
Таҳияи Нодираи Раҷаб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ