Тест: Шумо фариштаед ё иблис?

Оё шумо хислати худро хуб медонед? Аз санҷишномаи мазкур истифода бурда, ба суоли боло посух пайдо карда метавонед. Шарти ягона ҳамин аст, ки ба саволҳо аз сидқи дил ҷавоб гӯед.

  1. Баъзан қалбатон чунон аз шодиву фараҳ лабрез мегардад, ки парвоз кардан мехоҳед?

Бале -4.     Не -1.

  1. Шумо худро ҳатто дар иҳотаи нафарони ношинос хушу гуворо эҳсос мекунед?

Бале- 2.   Не-1.

  1. Дӯстони зиёд доред?

Бале -3.     Не -1.

  1. Дар ҳолатҳои ғалатӣ аз таҳти дил механдед?

Бале -3.     Не -1.

  1. Шумо хӯрокҳои тундро дӯст медоред?

Бале -3.     Не -2.

  1. Шумо меҳмонони худро машғул карда метавонед?

Бале -3.     Не -1.

  1. Баъзан шустани дандонро фаромӯш мекунед?

Бале -4.     Не -1.

  1. Аз дарди сар зиёд азият мекашед?

Бале -1.     Не -2.

  1. Шумо кроссвордпуркуниро дӯст медоред?

Бале -1.     Не -4.

  1. Ҳамеша мӯятонро ба як тарз оро медиҳед?

Бале -3.     Не -1.

  1. Ҳамарӯза машқи бадан мекунед?

Бале -3.     Не -1.

  1. Зуд-зуд маъюсу андуҳгин мегардед?

Бале -1.     Не -4.

  1. Дар муҳити орому осуда кор карданро дӯст медоред?

Бале -4.     Не -1.

Акнун холҳои гирифтаро ҷамъ карда,

ба натиҷаи санҷишнома нигаред.

Камтар аз 21 хол

Аз 21 хол камтар гирифтанатон маънои онро дорад, ки шумо аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста, оромӣ ва дар табиат сайругашт карданро дӯст медоред.  Аз рӯи ҳамин хислататон дигарон шуморо шахси дилгиркунанда мешуморанд.

Аз 21 то 29 хол

Агар холҳои шумо аз 21 боло ва то 29 бошанд, ин маънои онро дорад, ки вақтгузаронӣ бо дӯстону наздикон дар сари дастурхон ба шумо бештар писанд аст, назар ба он ки дар қаҳвахонаву бар, тарабхона ё дискотека дилхушӣ намоед. Шумо аз тоифаи нафароне ҳастед, ки табъатон зуд –зуд тағйир меёбад.

Аз 29 хол зиёдтар

Аз 29 хол бештар гирифтан маънои онро дорад, ки шумо бисёр одами хушчақ-чақ ҳастед ва ба осонӣ бо ҳама кас забон ёфта метавонед. Шумо бо ҳазлу шухӣ ва нақлҳои аҷоибу ғароибатон атрофиёнро ба ваҷд меоред, аз ҳамин сабаб гули сари сабади дӯстон ҳастед.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *