Тест: Шумо корчаллон ё ноуҳдабаро?
Дар зиндагӣ натанҳо донишу маҳорат, балки корчаллон будан низ нақши бисёр муҳимро мебозад. Одам, агар кордон набошад, донишу малакаи андӯхтаашро ба таври лозима ва дар ҷойи зарурӣ истифода бурда наметавонад. Мехоҳед фаҳмед, ки шумо табиатан одами корчаллонед ё ноуҳдабаро? Пас, ба саволҳои санҷишномаи зер аз сидқи дил ҷавоб бигӯед.
1.Агар кори муҳиме пеш ояд, чӣ кор мекунед?
А) Дарҳол дасту остин барзада, тамоми корҳои дигаратонро мепартоеду аз пайи ҳамин кор мешавед.
Б) Корҳои нотамомро ба охир расонида, баъд ба кори муҳим шурӯъ мекунед.
В) Кори муҳим бошад ҳам, онро ба таъхир мегузоред.
- Хонаатонро зуд-зуд тоза мекунед?
А) Ҳафтае 1-2 маротиба.
Б) Қабл аз омадани меҳмонону хешовандон.
В) Вақте нафаре эрод гирифта шуморо чалфасак меномад.
- Ба кор бо хотири шод меравед?
А) Бале.
Б) Ҳар хел.
В) Не.
- Ба мулоқоту вохӯриҳои корӣ дер мекунед?
А) Ҳеҷ гоҳ.
Б) Баъзан.
В) Ҳамеша.
- Шумо шахси парешонхотир ҳастед?
А) Бале.
Б) Баъзан.
В) Не.
- Дар вақти даркорӣ бе кӯмаки соати зангдор бедор шуда метавонед?
А) Бале.
Б) На ҳамеша.
В) Не.
- Шуморо бо ақидаҳои нав ҷалб кардан осон аст?
А) Бале.
Б) Ин аз чигунагии ақида вобаста аст.
В) Не.
- Шумо шахси чаққон ҳастед?
А) Бале.
Б) На он қадар.
В) Не.
- Ба ҷойҳои нав рафтанро дӯст медоред?
А) Бале.
Б) Баъзан.
В) Не.
- Ба моҷароҷӯӣ майл доред?
А) Бале.
Б) Баъзан.
В) Не.
- Дар назди телевизор ғел заданро дӯст медоред?
А) Бале.
Б) Баъзан.
В) Не.
- Субҳидам барои ба кор рафтан чӣ қадар вақтатон сарф мешавад?
А) Понздаҳ дақиқа.
Б) Ним соат.
В) На камтар аз як соат.
- Гимнастикаи пагоҳирӯзӣ мекунед?
А) Албатта.
Б) Баъзан.
В) Не.
- Агар чанд кор бошад, аз кадомаш сар мекунед?
А) Аз душвортаринаш.
Б) Фикр карданам лозим.
В) Аз осонтаринаш.
Ҷавоби бештари «А»
Шумо натанҳо чаққону корчаллон ҳастед, балки ҳар навигариро ба зудӣ қабул мекунед. Оё аз чунин фаъолнокии шумо ягон фоида ҳаст? Барои он ки фикру андешаҳоятонро ҷамъ карда, чизи дар зиндагӣ бароятон аз ҳама муҳимро муайян созед, бояд баъзан таваққуф намоед.
Ҷавоби бештари «Б»
Шумо гоҳе фаъол мешаведу гоҳи дигар заиф. Албатта чунин набзи зиндагӣ хуб аст, ба шарте, ки ба худу атрофиён зарар нарасонед.
Ҷавоби бештари «В»
Шумо табиатан одами баҳузур ҳастед ва ҳеҷ гоҳ саросема намешавед. Ба андешаи худатон бо ин рафторатон қувваву саломатиро эҳтиёт мекунед. Рафторатонро тағйир дода, андаке ҳам бошад, танбалиро аз худ дур созед, вагарна дар ин дунёи зудгузар ба чизе ноил намешавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ