Тест: Шумо кордонед ё ноӯҳдабаро?
Зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёде дорад, агар инсон зираку ботадбир набошад, душвориҳои ҳаётро сабурона паси сар карда наметавонад. Биёед, муайян месозем, ки шумо то кадом андоза шахси бомаҳорат ва кордону уҳдабаро ҳастед.
- Ягон мушкили ба саратон омадаро ба таври ғайри муқаррарӣ рафъ кардаед?
А) Аксаран. Б) Баъзан. в) Не.
- Бо шӯхиву ҳозирҷавобӣ нафареро, ки шуморо масхара кардан мехоҳад, мот карда метавонед?
А) Бале. Б) На ҳамеша. В) Не.
- Таваккал карда метавонед?
А) Аксаран. Б) Баъзан. в) Не.
- Бо нафароне, ки нуқтаи назари ғайриоддӣ доранд, робита ва муошират карда метавонед?
А) Аксаран. Б) Баъзан. в) Не.
- Ҳангоми оғози кори нав руҳатон болида мегардад?
А) Аксаран. Б) Баъзан. в) Не.
- Дар лаҳзаҳои хатарнок ба садои қалби худ гӯш меандозед?
А) Бале. Б) Баъзан. в) Ҳеҷ гоҳ.
- Аз ҳолатҳои душвор ба осонӣ баромада метавонед?
А) Бале. Б) На ҳамеша. В) Не.
- Аз нобарориҳои ба саратон омада хандида метавонед?
А) Бале. Б) На ҳамеша. В) Не.
- Дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ ҳазлу шухӣ мекунед?
А) Бале, ҳамеша. Б) Баъзан. В) Не.
- Аз пеши худ воқеаҳои хандаовар ва латифа бофта метавонед?
А) Бале. Б) Баъзан. в) Ҳеҷ гоҳ.
- Ҳангоми аз худ намудани касбу кор душворӣ кашидаед?
А) Не. Б) На он қадар. В) Бале.
- Ба шумо коре, ки зеҳну фаросатро талаб намояд, бо вуҷуди душвор буданаш писанд аст?
А) Албатта. Б) На ҳамеша. В) Не.
Ҳақбину ҳақгӯй
Агар бештари ҷавобҳоятон аз варианти «а» бошанд, ин маънои онро дорад, ки шумо одами ҳақиқатбин ҳастед ва ҳеҷ гоҳ дар олами хаёлоту афсона парвоз намекунед. Дар корҳое, ки аз шумо поквиҷдонӣ ва мураттабӣ талаб карда мешавад, бурд мекунед, вале аз шумо инқилобро интизор шудан маънӣ надорад.
Бомаҳорат, вале беҷуръат
Интихоб намудани ҷавобҳои варианти «б» маънои онро дорад, ки ба калаатон пешниҳодҳои аҷиб меоянд, вале шумо идеяву орзуҳои худро дар амал татбиқ карда наметавонед. Ба тахаюлоти бойи худ андаке ҷиддӣ назар кунед, он гоҳ бисёр чизҳоро ба даст меоред.
Шикастнопазир
Интихоби бештари ҷавобҳои варианти «в» маънои онро дорад, ки шумо фантазияи бой доред ва аз ҳолатҳои душвор бо кӯмаки ақлу фаросати беназиратон ба осонӣ баромада метавонед.
Таҳияи Нодирабону
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ