Тест: Шумо тарсончакед ё ҷасур?

Худро бисанҷ

Одамони шердилу ҷасуртарин ҳам дар қаъри дил эҳсоси тарсро доранд. Шахсе, ки дар зиндагӣ пешпо хӯрдааст, албатта метарсад. Инак, 25 омили тарсро пешкаши шумо менамоем. Барои ҳар суоле, ки ҷавоби мусбӣ медиҳед, ба худ як хол гузошта, холҳоятонро ҳисоб кунед ва аниқ намоед, ки шумо ҷасуред ё тарсончак.

-Аз таркиш ва садоҳои гӯшхарош метарсед?

-Шабона дар торикӣ гашта наметавонед?

-Дар ҷои серодам ба дилатон ваҳм медарояд?

-Аз баландӣ метарсед?

-Вақти аз тангкӯча гузаштан дилатон ваҳм меорад?

-Бо дидани шахси қайкардаистода дилатон ба ларза меояд?

-Ҳангоми раъду барқ метарсед?

-Аз бемориҳои онкологӣ ҳарос доред?

-Бо дидани калламуш метарсед?

-Аз парвоз метарсед?

-Бо дидани саг талхакаф мешавед?

-Аз робита бо шахси ношинос ҳарос доред?

-Бо дидани хун беҳуш мешавед?

-Аз даромадан ба ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ ҳарос доред?

-Аз духтури дандон метарсед?

-Аз баромад кардан дар назди аудиторияи калон ба ларза меоед?

-Бо дидани қунѓуз ва ҳашаротҳои хурд ба даҳшат меоед?

-Аз чуқуриҳо метарсед?

-Дар лифт танҳо рафта наметавонед?

-Аз марг ва ҳар он чизе, ки бо он алоқаманд аст, метарсед?

 Аз 0 то 5 хол

Шумо аз чизе наметарсед, вале одамон метарсанд ба шумо нигоҳ кунанд. Баъзан корҳое мекунед, ки дигарон талхакаф мешаванд. Бо намуди хатарноки варзиш машѓул мешавед, худро ба хонаи сӯхтаистода мезанед. Рафту дар зиндагиятон ягон лаҳзаи хатарнок рух надиҳад, шумо ба худ шуғли хатарноке меёбед.

Аз 6 то 10 хол

Шумо шахси оқил ҳастед ва таҷрибаи  бойи зиндагӣ доред. Ба хубӣ дарк менамоед, ки зиндагӣ қонунҳои худро дорад ва падидаҳои зиёде ҳастанд, ки зӯри одамизод ба он намерасад. Хушбахтона, тарс ақли шуморо кӯр карда наметавонад. Бо пеш омадани хатар шумо дарҳол ақли худро кор фармуда, роҳи наҷот меҷӯед. Таҷрибаву ақли шумо яроқи бақувватест, ки барои ѓолиб омадан бар хатар кӯмак мерасонад.

11 то 15 хол

Шумо бисёр тарсончак ҳастед ва аз пашша фил месозед. Пайваста роҳҳои хатарро фикр карда мебароед ва асабатонро ором шудан намемонед. Тамоми шубҳаву гумонҳоро аз сар дур кунед, касе ба шумо ҳуҷум намекунад.

Аз 16 то 22 хол

Шумо чунон тарсӯед, ки ҳато аз сояи худатон ҳам метарсед ва қаҳрамонеро меҷӯед, ки шуморо ҳамеша муҳофизат намояд ва дар пушти ӯ пинҳон шавед. Тарсу воҳимаҳоро аз дилатон дур намоед. Тақдирро тадбир карда намешавад, агар дар насибатон аз чизе тарсидан ё мурдан бошад, аз он ҷои гурез нест, вале пешакӣ ба дили худ тарс андохтан, худро талхакаф кардан аз рӯйи ақл нест.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

10 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *