Тест: Шуморо фиреб кардан осон аст?

Худованд иддаеро зираку маккору бархи дигарро чунон содаю зудбовар офаридааст, ки ҳатто кӯдак ҳам ба осонӣ фиребашон мекунад. Мехоҳед донед, ки шумо айёред ё содаю зудбовар?

Пас, ба саволҳои санҷишнома аз сидқи дил ҷавоб диҳед.

  1. Кори наверо оғоз кардан хоҳед, бо руҳбаландӣ сар мекунед?

А) Бале.      Б)Баъзан.       В) Не.

  1. Чунин ҳам мешавад, ки худатон воқеаҳои аҷибу латифаҳо фикр карда мебароред?

А) Бале.      Б)Баъзан.       В) Не.

  1. Ба хотири манфиат дидан, ба қарори хавфнок омада метавонед?

А) Бале, аксаран.      Б) На ҳамеша.       В) Не.

  1. 4. Муошират бо нафароне, ки нуқтаи назари ғайриодӣ доранд, табъи дилатон аст?

А) Бале.      Б) На ҳамеша.       В) Не.

  1. Метавонед ба шахсе, ки шуморо масхара кардан мехоҳад, бо шӯхии таҳдор ҷавоб гардонед?

А) Бале.      Б) На ҳамеша.       В) Не.

  1. Як чизро ба ҷойи чизи дигар истифода бурда метавонед?

А) Бале.      Б)Баъзан.       В) Не.

  1. 7. Аз уҳдаи кори душворе, ки аз шумо зиракӣ талаб намояд, мебароед?

А) Бале.      Б) На ҳамеша.       В) Не.

  1. Дар фаъолияти касбии шумо нобарориҳо зиёд буданд?

А) Бале.      Б) На ҳамеша.       В) Не.

  1. Аз ҳолатҳои душвор бо ҳазлу шӯхӣ баромада метавонед?

А) Бале.      Б)Баъзан.       В) Не.

  1. Ба нобарориҳои ба саратон омада хандида метавонед?

  А) Бале.      Б)Баъзан.       В) Не.

  1. Ягон мушкили зиндагиро ба таври ғайриодӣ рафъ кардаед?

  А) Бале.      Б)Баъзан.       В) Не.

  1. Аз вазъияти душвортарин баромада метавонед?

  А) Бале.      Б)Баъзан.       В) Не.

  1. Дар лаҳзаҳои хатарнок ба садои дилатон гӯш медиҳед?

  А) Бале.      Б)Баъзан.       В) Не.

Холҳоро ҷамъ карда, бо натиҷаи санҷишнома шинос шавед

Агар ҷавоби «а» бисёр бошад…

Зиёд будани ҷавобҳои «а» маънои онро дорад, ки  шумо дурандешона рафтор мекунед. Дар корҳое, ки инсофро талаб мекунанд, ҳамеша аз рӯйи қонунҳои нонавиштаи инсонӣ амал менамоед. Одами хуб бошед ҳам, шумо ба навгониҳои инқилобӣ ва пешравиҳои назаррас қодир нестед, чунки фиребу найрангро намедонед. Шуморо фиреб кардан осон аст.

Агар ҷавоби «б» бисёр бошад…

Интихоби бештари  ҷавобҳои «б» маънои онро дорад, ки баъзан ба саратон ақидаву фарзияҳои гуногун меоянд, вале шумо чандон одами бомулоҳиза нестед. Ба тасаввуроти бойи худ андаке назари ҷиддӣ намоед, он гоҳ ба бисёр чизҳо муваффақ мегардед. Шуморо фиреб кардан чандон осон набошад ҳам, имконпазир аст.

Агар ҷавоби «в» бисёр бошад…

Бештар ҷавобҳои «в»-ро интихоб карда бошед, маълум мешавад, ки шумо одами зирак ҳастед ва аз вартаи мушкилиҳои зиндагӣ  ба осонӣ баромада метавонед. Шуморо фиреб кардан бисёр душвор аст.

Таҳияи Меҳрубон

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *