“The end”-и Dilovar нашр шуд
Диловар Андалибов дар соҳаи рэп маъруф ба AD AKA Dilovar рэпи нави худро бо номи “The end” дар ютубканали шахсиаш нашр кард.
Рэпи мазкур чун ҳарвақта дар муддати кӯтоҳ шунавандаи зиёд пайдо кард. “The end”-ро дар як шабонарӯзи аввали нашраш наздики 100 ҳазор маротиба шунидаанд, ки барои сегменти тоҷикии “Ютуб” шумораи беҳтарин маҳсуб меёбад.
“The end” дар худ чунин мисраъҳоро дорад:
Ҳама чиз тамом,
Уже давно.
Дил пури армон,
Бемаъне шидак кино.
Диловар Андалибов аз ҷумлаи намояндагони мактаби нав аст, ки дар муддати кӯтоҳ мавқеи худро дар рэпи тоҷик пайдо кард ва дар фазои маҷозӣ рэпҳояшро миллионҳо маротиба гӯш кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ