The New York Times вазъи Эронро бадтарин номид

Рӯзномаи амрикоии «Ню-Йорк Таймз» менависад, ки дар эътирозҳои ахири Эрон зиёда 180 нафар кушта шудаанд. Рӯзнома дар ин навишта ҳодисаҳои ахири Эронро  «бадтарин» нооромӣ дар ин кишвар дар чил соли охир арзёбӣ кард. 

Мақомоти Эрон аз пешниҳоди шумораи кушташудаҳои эътирозҳои моҳи гузашта худдорӣ мекунанд, ҳарчанд бархе аз онҳо оморҳои ироашуда дар хориҷ аз он кишварро рад кардаанд.

Аз тарафи дигар, тибқи гузоришҳо аз 161 то 366 нафар дар ҷараёни бархӯрд бо эътирозгарон аз сӯи нерӯҳои амниятии мухталиф кушта шудаанд. «Ню-Йорк Таймз» ҳамзамони назари бархе дигар аз нозиронро низ бозтоб додааст, ки мегӯянд шумораи воқеии кушташудаҳо мумкин аст садҳо тан ва бештар аз 450 нафар бошад.

Ин рӯзнома мегӯяд, дар бисёре аз шаҳрҳои калон ва хурд, ки ба гарон шудани қимати бензин эътироз карданд, нерӯҳои амниятӣ ба тарафи эътирозгарони ғайримусаллаҳ оташ кушоданд. «Танҳо дар шаҳри Моҳшаҳр, шоҳидон ва мақомҳои кӯмакрасон аз кушта шудани 40 то 100 нафар ба дасти нерӯҳои Сипоҳ, хабар доданд, ки бисёре аз онҳо ҷавон буданд».

Мирҳусайни Мусавӣ, пешвои мухолифони давлат дар Эрон бошад Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии ин кишварро ба шоҳи собиқи кишвар монанд кардааст, ки соли 1979 баъди саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарон ва ҳангоми Инқилоби Исломӣ сарнагун шуд.

Баёнияҳои Мусавӣ дар ин бора ба думболи саркӯби тазоҳуроти моҳи гузашта дар шаҳрҳои Эрон рӯзи 30-уми ноябр дар вебсайти “Калима” нашр шудааст.

Хоманаӣ, ки баландтарин мақоми Эронро дорад, тазоҳурот ва беназмиҳоро “тавтиаи бисёр хатарнок” номидааст ва ҳукумати Эрон гуфтааст, ки тазоҳурот кори дасти “арозилу авбошест”, ки бо мухолифони хориҷ дар кишвар ва душманони қадимии Эрон ба мисли Амрико, Исроил ва Арабистони Саудӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *