The Wall Street Journal: Ҳукумати Афғонистон баъд аз рафтани Амрико мағлуб мешавад

. Ҳукумати Афғонистон пас аз шаш моҳи хуруҷи артиши Амрико таҳти ҳамлаи террористон шикаст мехурад, менависад The Wall Street Journal бо истинод ба маълумоти разведкаи ИМА. Тибқи ҳисобҳои гуногун, гуфта мешавад дар мақола, ҳукумати президенти амалкунанда Ашраф Ғанӣ дар қудрат аз се моҳ то як сол боқӣ хоҳад монд. Иёлоти Муттаҳида аллакай зиёда аз се ҳиссаи ҳайати шахсӣ ва техникаи худро аз ин кишвар хориҷ кардааст. Қисмати боқимонда бояд то 11 сентябр минтақаро тарк кунанд. Чунин мӯҳлатро моҳи апрел Ҷо Байден муқаррар карда буд. Ҳоло, ба навиштаи рӯзнома, Иёлоти Муттаҳида аз низомиён даъват мекунад, ки суръати хуруҷи нерӯҳоро дар пасманзари гузоришҳо дар бораи пешрафти ҷангиёни ҳаракати террористии Толибон (дар Тоҷикистон манъ карда шудааст), коҳиш диҳанд. Ба гуфтаи намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон, Дебора Лионс, ҷангҷӯёни созмони террористии Толибон, (дар Тоҷикистон манӯъ) , аз оғози ҳамла дар моҳи май беш аз 50 минтақаи Афғонистонро таҳти назорат гирифтаанд ва эҳтимолан, ҳоло амалиёт омода мекунанд ки як катор мареази музофотхоро ба даст дароранд. Тибқи иттилои расонаҳо, аз аввали моҳи май то имрӯз беш аз 50 ноҳияи Афғонистон, ки дар наздикии марказҳои маъмурии вилоят ҷойгиранд, таҳти ҳукмронии террористӣ қарор гирифтанд. «Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Толибон мавқеъҳоеро ишғол мекунанд, то ҳангоми ба итмом расидани хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ талош кунанд, то марказҳои маъмуриро ба ихтиёри худ гиранд», — гуфтааст Лион. Вай сарони давлатҳоро даъват кард, ки ба Толибон таъсир расонанд, то онҳо ҳалли мушкилотро дар музокирот бо мақомоти Афғонистон ёбанд на дар ҷанг ҷустуҷӯ кунанд. Рӯзи 22 июн хабар дода шуд, ки ҷангиёни созмони террористии Толибон, минтақаи асосии Имом Соҳиби Афғонистонро забт карданд. Дар маҷмӯъ, ҳоло Толибон дар 34 вилояти ин кишвар дар 26-тои он бо мақомоти давлатӣ меҷанганд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *