Тиҷорат, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ- мавзӯи сӯҳбати вазиру сафир

Неъматулло Ҳикматуллозода,  вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк мулоқот кард.

Ҷонибҳо вазъи робитаҳои иқтисодӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре ки аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз мунтазам густариш ёфтани ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, атрофи масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, кишоварзӣ, гидроэнергетика, сайёҳӣ ва омодагӣ ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ибрози назар намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *