Тифл дар «муссорка»

16 феврал аз партовгоҳи ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷасади як кӯдаки навзодро пайдо карданд. Тахмин  кардан мумкин аст, ки ин кӯдакро баъди таваллуд модараш дар шаҳри Хуҷанд ба қуттии партов партофтааст. Ин навзод ҷинсаш писар ва вазнаш 3,5 кг будааст. Кормандони корхонаи партовкашонӣ нофаҳмида, кӯдакро ҳамроҳи партовҳои дигар ба мошин бор кардаанд ва танҳо баъди дар партовгоҳи Ёва холӣ кардани бори даруни мошин ҷасади ӯро дар байни партовҳо дидаанд. Як қисми партовҳо аз маҳаллаҳои шаҳри Хуҷандро дар партовгоҳи ҷамоати Ёва ҷамъ мекунанд.

Ба гуфти як манбаъи боэътимод аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, ин кӯдакро кормандони корхонаи партовкашонӣ рӯзи шанбе, 16 феврал ҳангоми холӣ кардани партовҳои мошини партовкашонӣ пайдо карда, ба мақомот занг задаанд ва аз ин ҳодиса хабар додаанд.

Бино ба шаҳодати кормандони корхонаи партовкашонӣ, онҳо ин кӯдакро ҳангоми ба мошинашон бор кардани қуттиҳои партов надидаанд. Зеро он кори техникӣ аст, ки дар дохили қуттӣ чиҳо буданашро дидан ғайриимкон аст. Танҳо баъди ба партовгоҳи васеъ бурда холӣ кардан онҳо ҷасади навзодро дарёфт кардаанд.

Мақомот модари ин навзодро ҷустуҷӯ доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *