Тифли навзод гап зад

Ҳодисаи нодир, вале ҳақиқӣ. Дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова тифлаке ба дунё омадааст,ки чашм кушодан замон ба ҳарфзанӣ пардохтааст. На суханҳои бе мафҳуми подарҳаво, балки калимаҳои буррову мантиқдор. Падару модар низ дар қатори табибон  дар шигифтанд Онҳо писари худро Стипан ном гузоштанд.

Дар мусоҳиба бо газетаи «Жизнь» момадояи таваллудхона Мария Папов мегӯяд: «Ман дар ҳайратам,  тифли навзод чӣ тавр ба гап даромад! Ба гӯшҳои худам боварам намеомад. Вай  пай дар пай такрор мекард  — «папа-папа» Ман аз с 1986 инҷониб кор мекунам вале то ҳол ингуна навзодро надида будам».

Ин ҳолати ғайриодиро акунун ҳамаи духтурон ва олимони дунё таҳқиқ карданианд.  Дар рӯзи дуюми пас аз тавлид, вақте модар ба тифлаш «ана ҳозир падарат меояд» гуфт, тифлак бо саволи «Падар кист?» модарро аз ин ҳам зиёдтар ҳайратзада кард.

 Бояд зикр кард,ки модари Степан Лиза ва падараш Родион ҳангоми дар батни модар будани тифл ҳамеша бо вай суҳбат мекарданд ва ҳатто барои Степани ҳанӯз ба дунё наомада китоби шеъру афсоҳоро мехонданд

 Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *