Тихоновская мехоҳад,ки Ғарб ӯро ба Беларус орад

Тихоновская: барои бозгашти ман ба ватан замонати махсус лозим аст.

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская, ки баъди интихоботи президентии моҳи августи порсол кишварро тарк карда ба Литва рафт, аз САҲА дархост кард, ки барои бозгашти амни мухолифони режими Александр Лукашенко ба Беларус мусоидат кунад. Тихановская рӯзи 18 январ дар вебсайташ навишт, ки дар ин бора дар мулоқот бо сафирони ИА дар САҲА дархосте кардааст. Тихановская гуфт, бо нигоҳ ба вазъи Алексей Навалний, ки баъди бозгашт ба Русия боздошт гардид, зарурати кӯмаки САҲА-ро дар бозгашти амни худ ба Беларус бисёр муҳим медонад. Ӯ гуфт, “барои бозгашти ман ба ватан замонати махсус лозим аст”. Баъди интихоботе, ки ба қавли мухолифон, бо пирӯзии Тихановская анҷомид, мардум дар саросари Беларус даст ба эътироз заданд ва мақомот ба саркӯби эътирозгарон рӯ оварданд. Даҳҳо раҳбарони мухолифон дар боздошт буда, бархе дигарҳо ба хориҷа паноҳ бурданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *